ИСТИҚЛОЛИ МО
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 123
Тахту тоҷи мост Истиқлоли мо,
Аз Худо эҳдост Истиқлоли мо,
Тоҷиконро баъди чандин қарнҳо
Муждаи эҳёст Истиқлоли мо.
Мо кунун қавми парешон нестем,
Тору пуди мост Истиқлоли мо,
Дӯст дорад хубрӯёнро Худо,
Бин, чӣ сон зебост Истиқлоли мо.
Зиндагӣ бе он гумони ботил аст,
Шаҳраҳи фардост Истиқлоли мо.
Ҷон фидо созем андар ҳифзи ӯ,
Ганҷи ин дунёст Истиқлоли мо.
Нангу номусу шараф, иқболи мо,
Ифтихори мост Истиқлоли мо.
Саидқул САБЗАЕВ
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...
-
29-08-2023, 09:44
Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад,...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
19-01-2023, 07:48
Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ...
-
20-01-2023, 13:07
(андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)...