Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Панҷ аз корхонаи истеҳсолии нон ва маҳсулоти қаннодӣ дидан намуд.
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 009
Корхонаи мазкур дар деҳаи Урта-булоқи Ҷамоати деҳоти "Меҳвар" воқеъ буда, дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии бино аз 0,16 га иборат буда, аз он зери сохтмон 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 1 ошёна ва аз 6 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 15 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бо арзиши 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Сохтмони корхонаи мазкур соли 2020 бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Соҳибов Ҷамшед ва Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ оғоз гардида, соли равон ба истифода дода шудааст.
Соҳибкор Соҳибов Ҷамшед бо ҷалби сармояи хориҷӣ (Россия) ва сарфи 1,1 миллион сомонӣ бунёди корхонаро ба анҷом расонидааст.
Корхона алҳол дар як шабонарӯз 1100 адад нон (хлеб) истеҳсол мекунад.
Доир ба марҳила ба марҳила тавсеа додани фаъолияти корхона, роҳандозии истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ ба масъулон тавсияҳои судманд дода шуд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04