РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 033
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар ноҳияи Панҷ барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Назарова Муяссара омад.
Аёдати меҳтарони меҳнат аз ҷониби раиси вилоят ба ҳукми анъана даромада, пайваста зимни сафарҳои кориаш ба шаҳру навоҳии вилоят анҷом дода мешавад.
Муяссара Назароваи 66-сола беш аз сӣ соли умри бобаракати хешро ба табобати мардум бахшидааст. Ӯ аз соли 1983 то соли 2012 ба ҳайси мудири шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи сироятии ноҳияи Панҷ фаъолият карда, алҳол дар нафақа давлати пирӣ меронад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба духтури собиқадор барои фаъолияти бисёрсолаи намунавиаш изҳори сипос намуда, барояш саломатии устувору рӯзгори ободу осуда таманно кард.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04