Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳаҷми музди миёна дар Хатлон муайян гардид


Ҳаҷми музди миёна дар Хатлон муайян гардид



Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба 1680,49 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи омори расмӣ, дар шаклҳои моликияти бахши воқеӣ музди кории кормандони соҳаи саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ 2 ҳазору 616 сомонӣ, соҳаи неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 4 ҳазору 216 сомонӣ ва соҳаи сохтмон 2 ҳазору 239 сомониро ташкил дод. Дар шаклҳои моликияти бахши воқеӣ дар моҳҳои январ-майи соли 2024-ум ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ 730,88 сомониро ташкил дод, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят 43,5 фоиз кам мебошад.

Дар байни шаклҳои моликияти бахши хизматрасонӣ музди миёнаи кори кормандони молия, қарзгузорӣ аз ҳама зиёд аст (4 ҳазору 187 сомонӣ).

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода