Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Муроҷиати электронӣ» пулест миёни аҳолӣ ва милитсия


«Муроҷиати электронӣ» пулест миёни аҳолӣ ва милитсия




Дар асри XXI технологияи интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ҳаёти ҳар яки мо ворид шуда, ҷузъи ҷудонашавандаи он гардидааст. Дар баробари  он  ки  шабакаҳои  иҷтимоӣ  барои  сокинон  як  василаи  тафреҳӣ ҳастанд, ҳамчун ёрирасон дар бисёр мавридҳо кумак менамоянд

Аз  ҷониби  дигар  шабакаҳои  иҷтимоӣ, ба  монанди  Фейсбук,  Одноклассники, Инстаграм,  Телеграмм,  Вконтакте  Вотсап  ва  ғайра  пайвандгар  ё  худ  пул  миёни шаҳрвандон ва мақомоти дахлдори давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Қисмати зиёди ташкилот  ва  мақомоти  давлатӣ  дар  шабакаҳои иҷтимоӣ   саҳифаҳои  худро  таъсис  дода, доир  ба  фаъолияти  худ  гузоришу  ахбор нашр мекунанд. Агар ин амал аз як ҷониб шаффофияти кори онҳоро ба шаҳрвандон нишон  диҳад,  аз  ҷониби  дигар,  имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бо мақсади ҳаллу фасли масъала ва мушкилоти худ тавассу-ти  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ба  онҳо  муроҷиат намоянд. 

Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке  аз  сохтор  ва  мақомоте мебошад,  ки  дар  як  рӯз  ба  онҳо  ҳазорҳо шаҳрвандон муроҷиат намоянд. Дар ҳамин баробар, сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣ низ як василаи ёрирасон шуда метавонанд.  Бо  мақсади  саривақт  расидагӣ намудан  ба  муроҷиати  шаҳрвандон  ва ҳаллу фасли онҳо Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  вилояти  Хатлон  дар  шабакаи  умумиҷаҳонии иҷтимоии  Фейсбук  гурӯҳ  ва  профилҳоеро таъсис  додааст,  ки  саҳифаи  фейсбукии «Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон» фаъолтарини онҳо мебошад.

Ин  саҳифа  феврали  соли  2018  таъсис ёфта, то имрӯз тақрибан 37 ҳазор обуначӣ дорад. Аз саҳифаи мазкур истифодабарандагони  фейсбук  метавонанд  маълумотҳо, ба  монанди  рақами  телефони  Раёсати ВКД, почтаи электронӣ, сомонаи Раёсат ва ғайраро дастрас намоянд. 

Дар  шиносномаи  саҳифаи  мазкур  маромномаи саҳифа чунин шарҳ дода шудааст: “Саҳифаи мазкур барои қабули дархо-сту  муроҷиатҳои  шаҳрвандон  ва  баррасии онҳо кушода шудааст”.

Таҳлили саҳифаи мазкур нишон дод, ки масъулини Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон доир ба фаъолияти худ хаба-ру гузоришҳо интишор мекунанд. 

Дар саҳифаи мазкур якуми апрели соли 2024  муроҷиатномаи  Раёсати  Вазорати корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар вилояти  Хатлон  нашр  шудааст.  Раёсати ВКД  дар  вилояти  Хатлон  дар  доираи  барномаи давлатии ислоҳоти милитсия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ,  таъмини  тартиботи  ҷамъиятӣ, пешгирии  ҳуқуқвайронкуниву  ҷинояткорӣ, аз  байн  бурдани  зуҳуроти  халалдоркунандаи  тартиботу  оромии  ҷомеа,  ҳамчунин саривақт ва объективона баррасӣ намуда-ни арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон қабули “Муроҷиати электронӣ”-ро ба роҳ мондааст. 

«Сокинон  ва  меҳмонони  вилояти  Хатлон  ва  ҳамватанони  бурунмарзӣ  мета-вонанд,  доир  ба  поймол  шудани  ҳуқуқу 
манфиатҳояшон, дучор шудан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ,  ишғоли  ғайриқонунии  замин вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва  ғайра  метавонанд,  тавассути  ҳамин саҳифаи  фейсбукӣ  муроҷиат  намоянд. Раёсати  ВКД  дар  вилояти  Хатлон  ҳимояи шахсӣ,  ҳавасмандгардонӣ,  дар  муҳлатҳои муқарраршудани  қонун  баррасӣ  намудани онҳоро  кафолат  медиҳад»-омадааст  дар муроҷиатномаи мазкур. 

Масалан, дар саҳифаи мазкур 27 июни соли  равон  хабаре  таҳти  унвони  “Ҳабси ронанда ва ҷазои маъмурии 3 нафар мусо-фирон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” интишор шудааст. 

Дар  он  гуфта  мешавад,  ки  як  истифодабарандаи  шабакаҳои  иҷтимоӣ  бо  ирсо-ли як навор ба суроғаи электронии Раёсат 
аз мақомоти милитсия дархост намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”,  ки  се  мусофир  – ноболиғон  ба  боғоҷи  автомашинаи сабукрав  савор  намуда,  қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст. 

Дар асоси муроҷиати электронии мазкур  ва  санҷиши   навори  ирсолшуда, ронандаи  автомашинаи  сабукрави тамғаи  “Опел-Астра”,  рақами  қайди давлатиаш  7788BR01,  шаҳрванд Ниёзов  Ҷаҳонгир  Ҷамолиддинович, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, муайян  карда  шуд.   Вобаста  ба  ҳолати мазкур  протоколи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди  шаҳри  Кӯлоб  нисбаташ  ҷазои маъмурӣ таъин карда шуд.

Ё ин ки кормандони Раёсати ВКД дар  вилояти  Хатлон,  ки  худ  истифодабарндагони  фаъоли  шабакаҳои иҷтимоӣ  мебошанд,  дар  ҳолати паҳн  шудани  наворҳое,  ки  дар  онҳо ҳолатҳои  ҳуқуқвайронкунӣ  аз  ҷониби сокинон  наворбардорӣ  шудааст,  барои  коркард  гирифта,  аз  пайи  бартараф  намудани  онҳо  ва  ба  ҷавобгарӣ кашидани  онҳо  мешавад.  “Боздош-ти  ронандаи  ноболиғ  баъди  1  соати нашри  навор  дар  интернет”  хабаре нашр  шудааст,  ки  доир  ба  ба  таври  фаврӣ  кору  фаъолият  намудани мақомоти милитсияи вилояти Хатлон дарак  медиҳад.  Дар  хабар  омадааст, ки “санаи 17 июни соли ҷорӣ дар шабакаҳои  иҷтимоии  интернетӣ  наворе  нашр  гардид,  ки  дар  он  ҳолати бо  суръати  баланд  идора  намудани воситаи  нақлиёти  тамғаи  ”Мерседес” аз ҷониби як нафар ноболиғ инъикос ёфта,  мусофиронаш  низ  хурдсолон 
мебошанд”. 

Навори мазкур боиси вокунишҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намудаанд, ки вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои қонунӣ андешанд.  

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои дахлдор аз ҷониби кормандони мақомоти милитси-яи ноҳияи Панҷ ҳуқуқвайронкунандагон дарёфт карда шуда, нисбати волидони онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Ба  гуфтаи  намояндагони  Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, аз рӯзи интишори муроҷиатномаи Раёсат тавас-сути саҳифаи мазкур ба мақомоти ми-литсияи вилояти Хатлон муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон беҳтар гардидааст, ки онҳо дар муҳлатҳои муайян-шуда аз ҷониби кормандон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. 

Умедворем,  ки  кормандони мақомоти  милитсияи  вилояти  Хатлон  дар  оянда  низ  барои  баррасии  муроҷиат,  дархост,  пешниҳод ва  таклифҳои  шаҳрвандон  ва ҳамватанони  бурунмарзиро,  ки  тавассути  сомонаҳои  иҷтимоӣ,  махсусан тавассути “Муроҷиати электронӣ” карда мешаванд, саривақт ба роҳбарӣ ва  иҷро  гирифта,  дар  пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо талош меварзад.

Боиси  қайди  махсус  аст,  ки  аз ҷониби  коршиносон  ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ  таъсис  додани  саҳифаҳо дар  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ва  ҷорӣ  намудани  “Муроҷиати  электронӣ”  хуб пазируфта  шуда,  таъкид  менамоянд, ки боварӣ ва эътимоди шаҳрвандонро ба  мақомоти  милитсия  беҳтару  бештар менамояд. 

Т. ТОЛИБЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода