Чанд маслиҳат барои осорхонаҳои вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 238
Биноҳои аксари осорхонаҳои вилояти Хатлон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бунёду азнавсозӣ гардидаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳангу маънавиёт дарак медиҳад.
Мутаассифона, ба истис-нои Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб, Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Балҷувон фаъолияти дигар осорхонаҳои минтақаи Кӯлоб дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Дар ҳоле, ки дар замони муосир осорхонаҳо ҳамчун муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-фарҳангӣ дар таҳқиқу омӯзиш, тарғибу ташвиқ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллӣ нақши басо муҳим ва калидӣ доранд. Зеро, беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон маҳз дар осорхонаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд ва рисолати асосии осорхонаҳо низ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо вазъи фаъолияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, чунин камбудиҳо ва мушкилоти соҳавӣ ба назар расиданд:
1. Биноҳое, ки дар онҳо осорхонаҳо фаъолият менамоянд, барои фаъолияти махсуси осорхонавӣ ҷавобгӯ нестанд (масалан, Осорхонаи шаҳрии «Бибихонум» дар шаҳри Бохтар ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин).
2. Экспозитсияи осорхонаҳо дар асоси нақшаи мавзуӣ-экспозитсионӣ (ТЭП) таҳия нагардида, матнҳои тавзеҳотии толорҳои экспозитсионӣ, зернавиштҳо ва роҳнамоҳои хизматӣ ба талабот ва муқарароти осорхонавӣ ҷавобгӯ нестанд, шакли орои-ши илмӣ-бадеии осорхонаҳо ва экспозитсияҳои онҳо бо назардошти пайдарҳамии мантиқию таърихии мавзуъ ба роҳ монда нашудааст.
3. Дар осорхонаҳо таҷҳизоти техникии осорхонавӣ (витринаҳо, рафҳо, ҷевонҳо, зермонҳо, стендҳо, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ) мавҷуд набуда, ҷобаҷогузории экспонатҳо дар экспозитсияи осорхонаҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст.
4. Осорхонаҳо бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи осорхонашиносӣ таъмин набуда, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии осорхонаҳо (навиштани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, буклетҳо, брошураҳо, феҳристномаҳо ва дигар маводи чопӣ) такмил мехоҳанд. Надонистани назарияи осорхонашиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ аз ҷониби роҳбаладон ва ходимони илмии осорхонаҳо ба назар мерасад.
5. Дар аксар осорхонаҳо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ вуҷуд надорад.
6. Бинои осорхонаҳо бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ таъмин нест.
Барои рафъи камбудиҳои зикргардида, беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти осорхонаҳо дар минтақа ва мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир чунин пешниҳодҳоро зарурӣ ва саривақтӣ мешуморем.
1. Бинои осорхонаҳои навбунёд дар асоси нақшаи мавзуӣ-экспозитсионӣ (ТЭП) ва бо машварати мутахассисони осорхонашинос сохта ша-ванд.
2. Барои пешбурди дурусти фаъолияти экспозитсионӣ-намоишии осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мутахасисони соҳа ҷалб карда шаванд, зеро дар аксар осорхонаҳо пайдарҳамии мантиқию таърихии мавзуи намоиш риоя нагардидааст.
3. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва таҷрибавии кормандони осорхонаҳо ба таври ҳатмӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шаванд.
4. Барои фаъолияти самараноки кормандон ва ҳавасмандгардонии онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шароит фароҳам оварда шавад.
5. Барои хариди нигораҳои нодир ва асили таърихӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шаванд.
6. Фонди осорхонаҳо бо таҷҳизоти муосири ҳавокашӣ ва табдили ҳаво таъмин карда шавад.
7. Экспозитсияи осорхонаҳо бо таҷҳизоти махсуси экспозитсионӣ (витринаҳо, зермонҳо ва девораҳои осорхонавӣ)таъмин кардашаванд.
8. Баҳри электронӣ намудани хазинаи осорхонаҳо, ҳуҷҷатгузорӣ, феҳристнигорӣ ва шиносномакунии ашёи осорхонавӣ бо компютерҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
9. Матнҳои тавзеҳотии толорҳои экспозитсионӣ ва зернавиштҳои экспонатҳо бо шакли дуруст ва бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) таҳия ва насб карда шаванд.
10. Ҷиҳати муаррифии мероси таърихию фарҳангии дар осорхонаҳо мавҷудбуда корҳои тарғиботӣ дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, дар сурати амалӣ шудани чунин иқдом осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар метавонанд ҳамчун муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ рисолати худро пурра ба анҷом расонанд.
Алишер Зарипов,
сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Мд“Осорхонаи миллӣ”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00