78 ИНШОООТИ САДАМАВИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 198
Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилоят 32 иншооти соҳаи маориф бо 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 165 иншооти соҳа иборат аз 1137 синфхона корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 1386 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 муассиса зиёд мебошад. Дар ин хусус Зиёдулло Абдуллозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни нишасти хабарии ниҳоди худ иттилоъ дод.
- Айни замон дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, ноҳияи Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Фархор дар се баст фаъолият менамоянд, - гуфт сардори Раёсат.
Иншоотҳои садамавии соҳаи маориф 35 адад ва қисман садамавию ба таъмири асосӣ ниёздошта 43 ададро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумӣ сохтмони 10 иншоот бартараф шуда, дар 22 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Дар 46 иншооти дигар марҳилаи оғози сохтмону ҳуҷҷатгузорӣ ҷараён дорад.
Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимии вилоят 1267 бо забони тоҷикӣ, 21 бо забони тоҷикӣ-рӯсӣ-англисӣ, 59 бо забони тоҷикӣ-узбекӣ, 5 бо забони тоҷикӣ-туркменӣ, 7 бо забони русӣ ва 22 бо забони узбекӣ фаъолият карда истодаанд.
Шаҳодат ХОЛОВА,
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...