Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ.


Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ.




Ҳамдиёрони азиз!

Марзбонони ҷасури Ватан!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва хушбахтиву комёбиҳо орзумандам.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо ҳоло ба як сохтори ҳарбии аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва василаи боэътимодтарини ҳифзи хатти сарҳадии кишвар табдил ёфтаанд.

Бори дигар кулли ҳамватанон ва хосатан генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро бо ин ҷашни пуршукуҳ самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, рӯҳи қавӣ ва дар иҷрои вазифаҳои муқаддасашон комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак, марзбонони далер!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода