АФЗОИШИ МАЙДОНИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 254
Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Восеъ мавсими ҷавъомарии ҳосили барвақтӣ ва кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ бо маром идома дорад.
Қайд кардан ба маварид ҳаст, ки айни ҳол ҷамъоварии ҳосили пиёз дар ноҳия шуруъ шудааст. Кишоварзони ноҳия ҳосили ҷамъовардаашонро ба бозор бароварда бо нархи нисбатан арзони дастрас пешкаши сокинони ҷумҳурӣ гардонида истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби фаровонии ҳосили пиёзи барвақти ба хориҷи кишвар низ содирот карда шуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон ин баланд бардоштани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади расидан ба ҳадафи мазкур аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонию кооперативҳои истеҳсолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ пайваста талош менамоянд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид, интихоби тухмиҳои хушсифати ба иқлими минтақа мутобиқ, тавсияи мутахассисони соҳа, риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳар порча заминро самаранок истифода бурда бо руёнидани ду се ҳосил муяссар гарданд. Дар ин росто кишоварзони ноҳияи Восеъ ба ҷамоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумла пиёз, картошка, бодирингу помидор, қаламфури булғорӣ шуруъ намуда, кишти такрориро ба роҳ монда истодаанд.
Ноҳияи Восеъ яке аз ноҳияҳои аграрӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки деҳқонони ноҳия ҳамасола баҳри рушд бахшидан ба самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини бозорҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ талош намуда истодаанд. Имрӯз аҳли заҳмати деҳоти Мирзоалӣ Вайсов, Абдӣ Авазов ва Тугараки ноҳия машғули кори саҳро буда, ба тоза ва нарм кардани бехи зироатҳои полезӣ ва сабзавот, ки яке аз омилҳои асосии фаровонии бозор маҳсуб меёбад машғул мебошанд.
Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсов Сайҷалол Латифов дар ноҳияи Восеъ, ки заминҳои корами обиаш зиёд мебошад, кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар пахта парвариш менамоянд. Зеро ин зироат дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро дорад ва аз ҳисоби фурушӣ он хоҷагиҳо сатҳи зиндагии саҳмдорон ва буҷаи хоҷагиҳояшонро ғанӣ мегардонанд.
Искандар Раҳимов сардори Раёсати кишоварзии ноҳия мегӯяд, ки феълан дар заминҳои кишоварзии ноҳия нашъунамои пахта хуб ба назар расида, коркарди байни қаторҳои ниҳолони ин навъ зироат бо маром идома дорад. Бо дарназардошти афзалияти бештари пахтакорӣ хоҷагидорон ҳама сола дар баробари дигар номгӯи зироати кишоварзӣ ба кишти пумбадона низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд. Дар ҳамаи заминҳои кишоварзии ноҳия, баъди ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ кишти такрории пумбадона ба роҳ монда шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...