Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ дар шаҳри Бохтар


Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ дар шаҳри Бохтар




Имрӯз, 16 май, дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода доир гардид. 

Дар ин ҳамоиш гириндагони стипендияи президентӣ аз шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён иштирок доштанд.




Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз неруи созандагии ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти кишвар ҳарф зад ва сарҷамъ шудани онҳоро дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ кард. Зеро дар кишвар беш аз 3 миллион ҷавон зиндагӣ карда, аз ин шумора зиёда аз 3 ҳазор нафараш гирандаи стипендияи президентӣ мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода