Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Арзиши фарҳангиву тамаддунии Душанбе ҳамчун пойтахт


Арзиши фарҳангиву тамаддунии Душанбе ҳамчун пойтахт




Пойтахти як давлат танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ нест, балки он нақш ва рисолати бузургтареро низ дошта метавонад. Аз сабаби он ки тоҷикон дар оғози асри гузашта аз шаҳрҳои марказии худ, ки ҳазорсолаҳо фарҳанг ва тамаддуни миллиро шакл дода, ҷудо шуданд, ҳамин рисолат ба дӯши пойтахти нави онҳо Душанбе афтод.

Душанбе, ки ҳанӯз як деҳа буд ва ҳеч появу асосе ба ҷуз паҳнои васеъ барои пойтахт интихоб шудан надошт.

Аз ҷойноми «Душанбе» якумин бор дар китоби Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-лахёр» (таълиф 1636) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Россияи подшоҳӣ Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар як ҳуҷҷати бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта, ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, яъне сад сол пеш деҳаи Душанбеи водии Ҳисор пойтахти Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистони Шуравӣ интихоб шуд. Ҳоло Душанбе як шаҳри ободу пешрафта аст ва тамоми зерсохтҳоро барои пойтахти як давлат будан дорад. Он замон ин деҳа ҳатто роҳҳое барои рафтан надошт ва дар як сангоби беоб, ки аз байнаш дарёи Лучоб мегузашт, хостанд пойтахти давлати нави тоҷиконро бисозанд. Мо ба баҳси таърихии ин тасмим, ки оё дуруст буд ё на, намеравем. Мақсади мо ин аст, ки бубинем оё Душанбеи имрӯз тавонистааст, ки ба як маркази фарҳангиву тамаддунии тоҷикон табдил шавад ва ҳувияту арзишҳои нави тоҷикон дар он шакл мегиранд? Оё Душанбе чунин фазоро дорад?

Тоҷикон пас аз соли 1924 пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.

Халқи тоҷик барои эъмори Душанбе пардохт. Албатта, дар доираи имконот ва иҷозае, ки давлати Шуравӣ медод. Ин буд, ки оҳиста-оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, ба шаҳри бузурге табдил ёфт.

Шоири шаҳри тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ, ки шеъри оламгирашро дар ин шаҳр эҷод кардааст, ин фоҷиа ва рисолати таърихии Душанберо чунин сароидаст:
Туро бетахту маснад офариданд,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Агарчанде замоне дошт тоҷик
Ба номе пойтахти илму ирфон.
Туро аз орзуҳо офариданд,
Туро уммедҳо таъмир карданд.
Туро аз кулба то қаср овариданд,
Туро пардоз аз тадбир карданд.
Туро ҳамдастию ҳамкорӣ афрохт.
Туро ҳам дӯстӣ аз меҳр орост.
Чароғистон шудӣ аз меҳри дилҳо,
Ки оғӯшат кунун маъвои дилҳост. 

Соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурии иттифоқӣ шуд, яъне аз тобеияти Узбекистон берун омаду кишвари мустақили дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ шуд. Номи пойтахти он низ дар соли 1929 Сталинобод шуд, ки то соли 1961 давом кард. Соли 1961 номи шаҳр ба номи аслиаш дубора баргашт. Дар замони Шуравӣ дар Душанбе биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ сохта шудаанд. Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ шуд.

Ба ҳама маълум аст, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе имрӯз меросдори онҳост.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ Душанбе ба шукуфоӣ ва ободии бемисл расид. Ҳоло, қариб 40 фоизи иқтидори саноатии Тоҷикистон дар ин шаҳр мутамарказ шуда, 12 % аҳолии кишвар дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд.

Ҳоло Душанбе маркази баргузории ҷашнвораҳои бузурги миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст. Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва пойтахти сулҳи СММ низ шуд. Дар ин шаҳр, ки беҳтарин донишмандону зеҳнҳои миллӣ гирди ҳам омадаанд. Яъне, метавон гуфт, ки рисолати таърихии Самарқанду Бухоро ҳамчун пойтахтҳои Сомониён – аз давлатҳои миллии тоҷикон ба дӯши Душанбе афтодааст. Имрӯз бар асоси фарҳанг, муносибат, фазо ва забону коргузорие, ки дар Душанбе ба вуҷуд омадааст, ҳувияти нави фарҳангиву тамаддунии тоҷикон ташаккул меёбад ва дар оянда ҳамқадам бо равандҳои ҷаҳониву минтақавӣ Душанбе сарнавишти тоҷиконро месозад. Ин арзиши бузурги Душанбе ҳамчун пойтахти тоҷикон ниёз ба муносибати хоса ва ва таваҷҷуҳи давлативу ҳушёрии сокинону бошандагони он дорад. Яъне, Душанбе дар воқеият маркази консалидатсияи неруҳои зеҳниву ақлии кишвар аст. Чӣ фарҳанг ва арзишҳои фарҳангие, ки дар ин шаҳр шакл бигирад, он ба минтақаҳои дигар интиқол меёбад. Ҷойи шубҳа нест, ки ҳоло фарҳанг ва муносибатҳои башариву иҷтимоие, ки дар Душанбе шакл гирифта истодаанд, пояи қавиву бузурги миллӣ доранд ва дар такя ба фарҳанги чандинҳазорсолаи ориёву тоҷикии мо сохта шудаанд. Аммо аз он ҷо ки дунёи нав бар асари фановариҳои нав ва бозиҳои сиёсиву истихборотии кишварҳои манфиатхоҳ ба арсаи бозиҳо табдил шудааст, эҳтиёткории калон зарур аст, ки арзиши фарҳангиву тамаддунии Душанбе ҳамчун пойтахт на танҳо ҳифзу нигаҳдорӣ шавад, балки он бар асоси барномаву стратегияҳои коркардшудаи илмиву санҷидашудаи амалӣ рушд дода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён гардидааст.

Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародар шаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, дар айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибати дӯстона ва бародарона барқарор намудааст.

Ин ҳама зарфиятҳои Душанбешаҳр арзиши фарҳангиву тамаддунии онро боз болотар мебарад.

Сулаймон ИМОМОВ,
магистранти «Мактаби давлатдории
Эмомалӣ Раҳмон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода