Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Урфу одати мардуми туркман дар ҷашни Наврӯз


Урфу одати мардуми туркман дар ҷашни Наврӯз



Мардуми туркман ба анъанаҳои неки  ниёгони хеш бо чашми адаб менигаранд. Онҳо низ чун мардумони ориёӣ ҷашни Наврӯзро бо шукргузорӣ ва ҳурмату эҳтироми зиёд таҷлил менамоянд. Наврӯз, ки солҳои сол дар байни туркманҳо бо унвони «Наврӯз байрамӣ» бо як силсила маросими солинавӣ таҷлил мегардад, баъди ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтанаш боз ҳам шукӯҳманду шуҳратмандтар гардидааст. Туркманҳои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксаран дар ноҳияи Дӯстӣ зиндагӣ мекунанд, Наврӯзро бо урфу одатҳои ба худ хос таҷлил мекунанд.

Агар ба таърихи баргузории Наврӯз назар андозем, маълум мешавад, ки решаи он ба қарнҳои қадим рафта мерасад. Ҷашни Наврӯз дар байни мардуми туркман қабл аз ислом маълуму машҳур будааст. Баъди исломро қабул кардани мардуми туркман ин ид боз ҳам такомул ва ривоҷу равнақ ёфтааст. Маликшоҳ - падари Султон Санҷар гӯё барои интишори асари донишманди бузурги Шарқ, олим ва алломаи тоҷик Умари Хайём «Наврӯзнома» мусоидат карда будааст. Ва аз ҳамон замон дар нахустин рӯзи фарвардин, яъне 21-уми март ҷашн гирифтани Наврӯз дар байни мардуми туркман ба ҳукми анъана даромадааст.

Иди Наврӯз дар байни мардуми туркман ҷашни кишоварзон низ маҳсуб мешавад. Яке аз маросимҳои наврӯзии туркманҳо пухтани ғизоҳои махсуси наврӯзӣ - «наврӯзкӯча» (кашки наврӯзӣ), «наврӯзярма» ва суманак мебошад.

Бонувони туркман ҳам мисли бонувони тоҷик суманакро тамоми шаб хоб накарда, бо суруду таронасароӣ мепазанд. Дар Туркманистон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз аз қадим як силсила бозиҳо, аз қабили аспдавонӣ, бузкашӣ, гӯштӣ, ҷаҳидан ба баландӣ барои гирифтани дастмол, хурӯсҷанг, қӯчқорҷанг, шатранҷбозӣ, муҳрабозӣ, тоббозӣ (бодпарӣ ё тобравӣ) баргузор менамоянд. Туркманҳои сокинони Тоҷикистон бошанд, қисме аз ин бозиҳоро дар арафаи иди Наврӯз амалӣ мекунанд.

Дар байни духтарони туркман бозии минҷиқотадӣ (минҷиқпаронӣ) роиҷ аст, ки бо сабку шеваи шоиронаву фолклорӣ сурат мегирад. Духтарон шаб дар хонае ҷамъ шуда, минҷиқҳо (муҳраҳо)-и худро дар як коса ё зарфе меандозанд. Духтаре, ки зарфи минҷиқдорро ба даст дорад, онро болои сари духтарҳо дошта, минҷиқҳоро омехта мекунад ва як банд шеър хонда, яке аз минҷиқҳоро аз зарф берун меорад. Он минҷиқ ба кадом духтаре тааллуқ дошта бошад, маънии он пора шеъри хондаойшударо баён мекунад, яъне банди шеъри хондашуда дар воқеъ нидои он духтар мебошад. Гӯё орзую омоли он духтар бо шеъри хондашуда ифода меёбад. Масалан:
Наврӯз келдӣ, ёз келдӣ,
Қорқа кетдӣ, ғоз келдӣ.
Жумла жаҳон лолазор,
Ойдим келдӣ, соз келдӣ.
Тарҷума:
Наврӯз омад, баҳор омад,
Парасту рафту ғоз омад.
Тамоми ҷаҳон лолазор,
Овоз омад, соз омад.

Дилбастагӣ ва иртиботи мардуми туркман ба ҷашни Наврӯз ва шигифтиҳое, ки дар фасли баҳор падидор мегарданд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи шоирони туркман қарор гирифтааст.

Иди Наврӯз пас аз истиқлоли Туркманистон дурахши нав пайдо кард. Ҳоло ин ид ба ҷашни дӯстиву бародарӣ ва ҳамбастагиву шодиву нишот табдил ёфтааст. 21-уми марти соли 2013 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламоро таҷлил гардид. Дар ин тантанаҳои наврӯзӣ сарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз - Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тотористон, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева ва ҳайати илмиву фарҳангии ин кишварҳо иштирок карданд.

Тантанаҳои асосиву бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Аҳали Туркманистон созмон дода шуд, ки он бо ҳунарҳои волои мардумӣ ва барномаҳои базму тараби идона ниҳоят хотирмону ҷолиб буд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон наздик ба 14 ҳазор нафар туркманзабон зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар ҳама иду ҷашнҳо фаъолона иштирок намуда, бо урфу одатҳои ба худ хос ҷашн мегиранд. Наврӯзро низ дар муттаҳидӣ таҷлил мекунанд.

Мо-гурӯҳи эҷодии рӯзномаи «Хатлон» дар Наврӯзи ҷамъияти туркманзабонҳои ноҳияи Дӯстӣ қарор доштем ва матлаби видеоӣ низ омода кардем.

Набиҷон Саидаброр,
Аловуддин Риоев,
«Хатлон»,

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода