Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Чакани Кӯлоб» машҳури ҷаҳон шуд


«Чакани Кӯлоб» машҳури ҷаҳон шуд




Дар шаҳри Кӯлоб аз соли 2015 бо ташаббуси яке аз соҳибкорзан корхона ва маркази фурӯши «Чакани Кӯлоб» таъсис ёфт. Мавлуда Сафарова аз ҷумлаи он занони муваффақе мебошад, ки имрӯз зиёда аз 40 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.

-Мо аз хурдӣ дар хона ҳамроҳи модарам дар дастгоҳҳо зардӯзӣ мекардем. Аз ҳамон ҷо меҳри чакандӯз шудан дар дили ман ҷо гирифта буд, - мегӯяд Мавлуда.

Нақшаи сохтани маркази «Чакани Кӯлоб» дар зеҳни ӯ ҳанӯз охирҳои солҳои 90-уми асри ХХ пайдо шуда буд. Ин замоне буд, ки матои миллии мо-чакан беқадр ва қариб, ки ба нестӣ расида буд. Аз ҳамон давра хоҳиши ташкил намудан ва эҳё кардани чакандӯзӣ дар дили Мавлуда ҷӯш мезад. Ниҳоят ӯ ба  орзуяш расид. Бо дастгирӣ ва кумаки наздикону пайвандон аввал дар хонаашон ва сипас дар шаҳри Кӯлоб маркази иҷорадиҳии пироҳанҳои арӯсиро ифтитоҳ намуд. Аввалин пероҳане, ки ба иҷора дод, пероҳани арӯсиаш буд. Бо ҳамин қадам ба қадам ба орзуи худ наздик мешуд. Бо гузашти солҳо дар шаҳри Кӯлоб маркази “Чакани Кӯлоб”-ро ифтитоҳ намуд.

-Чакандӯзони мо як чаканро дар муддати як то ду моҳ дастӣ медӯзанд. Тамоми корҳое мо мекунем, ҳамааш дастӣ аст. Дар кор - мо мошинаи дарздӯзӣ истифода намешавад, -мегӯяд Мавлуда.- Ҳангоми дӯхтани чакан хоҳиш ва завқи мизоҷон дар ҷойи аввал мегузорем.

Кормандони марказ як куртаи чаканро бо арзиши се ҳазор сомонӣ ва як маҷмуъ сару либосро бо арзиши панҷ ҳазор сомонӣ мефурӯшанд. Маркази “Чакани Кӯлоб” натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он низ мизоҷони худро дорад. Ба гуфтаи М. Сафарова, ба маркази мазкур мизоҷон аз хориҷи кишвар, махсусан тоҷикони бурунмарзӣ ва сайёҳон аз ин марказ боздид намуда, фармоиш медиҳанд. Дар таҷриба онҳо фармоишҳоро аз Россия, ИМА, Фаронса, Узбекистон, Чин ва дигар давлатҳо гирифтаанд.

Ӯ аз ҷумлаи соҳибкорзани муваффақ аст, ки дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб на танҳо маркази «Чакани Кӯлоб»-ро таъсис додаву роҳбарӣ мекунад, балки як кошонаи ҳусну толори арӯсӣ ва толори фитнес барои занонро бо номи «Мавлуда» низ роҳбарӣ мекунад.

М. Сафарова барои таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи таҷриба ба Туркия, Россия, Узбекистон, Чин ва дигар кишварҳо сафар намуда, таҷрибаи бонувони соҳибкори ин кишварҳоро омӯхта, дар Кӯлобшаҳри бостонӣ амалӣ намуда истодааст.

-Шукргузор аз он ҳастам, ки имрӯз занону бонувон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои кишвар фаъолият намуда истодаанд. Мо-чеварони маркази «Чакани Кӯлоб» ифтихор аз он дорем, ки матои чакан дар арсаи байналмилалӣ эътирофу машҳур шуда, имрӯз муаррификунандаи миллату давлати тоҷикон  мебошад, - мегӯяд соҳибкори муваффақ М. Сафарова.

Толиб Толибзода,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода