“Бохтарнақлиётхизматрасон”. Аз сифат то нафъ ба мардум
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 275
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2023 зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар Корхонаи воҳиди давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Вобаста ба фаъолияти “Бохтарнақлиётхизматрасон” бо директори он Тоҷиддин Сафаров мусоҳибае доштем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.
- Мақсад аз ташкили Корхонаи воҳиди давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон” чист?
- Мақсади асосӣ аз таъсиси чунин корхона баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ташкил намудани хизматрасони нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи автобусҳои замонавӣ, таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бартараф намудани танбашавӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии сокинон ва беҳтар намудани вазъи экологӣ мебошад.
- Мафҳуми беҳтар намудани вазъи экологиро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Ба ҳамагон маълум аст, ки дар хатсайрҳои дохилии шаҳри Бохтар танҳо дар самти бозори “Фаровон” - беморхонаи вилоятии ба номи Б. Воҳидов ва бозори “Фаровон” -маҳаллаи “Хатлон” 300-310 нақлиёти сабукрав - таксиҳо фаъолият менамуданд. Дар як рӯз онҳо ба ҳисоби миёна аз нуқтаи “А” то нуқтаи “Б” ҳафт маротиба рафтуомад мекарданд. Агар 250 воситаи нақлиёт дар як рӯз ҳафт маротибагӣ рафтуомад кунанд, дар як рӯз шумораи ҳаракати онҳо 1750 маротибаро ташкил медиҳад. Худ тасаввур кунед, ки танҳо дар як самти ҳаракат чӣ қадар газҳои ба атмосфера зараррасон хориҷ мешавад. Дар бораи танбашавӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, савор шудану фаровардани мусофирон, бандкунии роҳҳо, ташкили таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ айни ҳол сухане намегӯям.
Бар замми ҳамаи ин, нақлиётҳои шахсие, ки дар дохили шаҳр ба кашонидани мусофирон машғул ҳастанд, ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ набуда, муҳлати истифодаи онҳо низ кайҳо ба итмом расидааст.
- Пардохти ҳаққи хизматрасонӣ имрӯз чӣ гуна аст?
- Ҳоло пардохти хизматрасонӣ дар автобусҳо муваққатан нақдӣ аст. Барои ба пардохти ғайринақдӣ гузаштан дар доираи лоиҳа низоми ҳамгироишудаи хариду фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш ва Кӯшониён 40 посттерминал барои пур кардани корт насб шуда, дар автобусҳо системаи пардохти ғайринақдӣ васл карда шудааст. Ҳамзамон, 40 ҳазор корти пардохтӣ харидорӣ гардидааст.
Раванди гузариш ба пардохти ғайринақдӣ кори хело мушкил аст. Барои ин интернети баландсуръат, дастрасии мунтазам ба неруи барқ ва омода намудани мусофирон лозим аст, ки муҳлати муайянро талаб мекунад. Ният дорем, ки баъди пурра ба фаъолият оғоз намудан, ҷобаҷо гардидани системаи пардохтӣ марҳила ба марҳила ба пардохти ғайринақдӣ гузарем.
Агар нархи роҳкиро дар ин самт дар таксиҳо то маркази ноҳияи Кӯшониён 5-7 сомонӣ, то маркази ноҳияи Вахш 8-10 сомонӣ, нархи роҳкирои микроавтобусҳо мутаносибан 3-7 сомониро ташкил медод, пас аз ба фаъолият оғоз намудани автобусҳо, нархномаи мо то маркази ноҳияи Кӯшониён 2 сомонӣ ва то маркази ноҳияи Вахш 3 сомонӣ муқаррар гардидааст.
- Имрӯз чанд хатсайр пурра фаъолият намуда истодааст?
- Чор хатсайр, Бохтар-Кӯшониён-Вахш, бозори “Фаровон”- бозори “Ҳоҷӣ Шариф” -Беморхонаи вилоятии ба номи Б. Воҳидов, бозори “Фаровон”-терминали Сафари К, терминали Сафари К-бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-Беморхонаи вилоятии ба номи Б. Воҳидов пурра фаъолият доранд. Ният дорем, дигар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро низ ба роҳ монем.
- Барои кадом қишрҳои ҷомеа имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст?
- Барои гурӯҳи муайяни ҷомеа имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳоло рӯйхати имтиёзгирандагон дар баррасии мақомот қарор дорад. Пас аз тасдиқ шудан ва роҳандозӣ гардидани низоми пардохти ғайринақдӣ, имтиёзгирандагон метавонанд аз онҳо истифода баранд.
- Марҳилаи амалишавии дуюми лоиҳа дар кадом ҳолат қарор дорад?
- Айни замон марҳилаи дуюми лоиҳа дар баррасии мақомоти дахлдор қарор дошта, дар сурати қабул гардидани он имконият ба вуҷуд меояд, ки дар ККВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” воридсозии электробусҳо ба роҳ монда шавад.
Дар сурати ворид шудан тамоми хатсайрҳои дохили шаҳри Бохтар бо электробусҳо таъмин карда мешаванд. Шаҳри Бохтар аз ҷиҳати нақлиёти ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалин шаҳрҳое хоҳад шуд, ки дар он пурра нақлиёти ҷамъиятии “сабз” фаъолият мекунад.
- Корхона дар ихтиёри худ чанд автобус дорад ва онҳо чӣ гуна шароитро доро мебошанд?
-Дар тавозуни “Бохтарнақлиётхизматрасон” 39 автобуси мусофиркашонии тамғаи “АКИА-ОРИЁ”, 2 автобуси тамғаи “АКИА-LE9” бо мақсади рушди туризм қарор доранд. Имрӯз 30 автобус барои хизматрасонӣ омода буда, 22-тои он ҳамарӯза ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Бояд қайд намуд, ки дар автобусҳо таҷҳизоти гарму хунуккунанда ва воситаҳои дохилу хориҷшавии шахсони маъюб ва дорои имконияташон маҳдуд мавҷуд буда, аз лиҳози вазни сабук ва кӯтоҳ будан барои фаъолият дар дохили роҳҳои шаҳр ва навоҳии гирду атрофи он мусоид мебошад. Ҳар як автобус 21 ҷойи нишаст дошта, дар як вақт имкон дорад, ки ба 60 мусофир хизматрасонӣ намояд.
- Айни замон дар ин самт мушкилот доред?
- Таъмирталаб будани роҳҳо, гузоштани партовҳо дар канори роҳ, ноҳамвории шафати роҳҳо, бунёд нагардидан ё кам будани истгоҳҳо ва дигар проблемаҳои вобаста ба роҳ боиси зуд фарсуда шудану аз кор баромадани қисмҳои алоҳидаи автобусҳо мегардад. Масалан, роҳи Бохтар-Кӯшониён то маркази ноҳия қисман, ҷо-ҷо ба талабот ҷавобгӯ нест. Агар дар назди як истгоҳ роҳ ҳамвор бошад, пас дар назди ду-сетои дигар шафати роҳ ноҳамвор аст, ки боиси нороҳатии мусофирон ва ронандагон мегардад.
Дигар мушкилот, фаъолияти бенизом ва бетартибии таксиҳо ва микроавтобусҳо мебошад, ки барои фаъолияти муназзами автобусҳо монеаҳо эҷод мекунанд. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна 10-15 ҳолати хатарноки садамавӣ ба таври сунъӣ ташкил карда мешавад.
Норасоии кормандон-ронандагон аз мушкилоти дигари мост. Айни замон корхона ба 20 ронандаи дорои категорияи “D” эҳтиёҷ дорад.
Суҳбаторо Т. Толибзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...