Гул шукуфад дар баҳорат, Пешво!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 339
Боиси ифтихору сарбаландии миллати шарафманди тоҷик аст, ки мо-шаҳрвандони мамлакат имрӯз дар давлати тинҷу осуда умр ба сар мебарем ва дар фазои оромиву осоиштагӣ фаъолият менамоем.
Гул шукуфад дар баҳорат, Пешво!
Он Худо бошад барорат Пешво.
Чун падар дар қалбҳо ҷо гаштаӣ,
Мо ҳамеша дӯстдорат, Пешво.
Ҳама дастовардҳои замони истиқлол бо талошу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва мо шукргузор аз он ҳастем, ки чунин Пешвои дилсӯзу ғамхор дорем.
Албатта, моро зарур аст, ки Ватани худро аз гузашта дида ободу зебо гардонем, чунки халқи тоҷик як шиор дорад: «Тоҷикистон, ба пеш!». ин сухани Пешвои муаззами миллат мебошад, ки мо шаҳрвандони мамлакат онро шиори худ қарор додаем ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон мекунем ва ифтихор аз ӯ мекунем.
Мо-ҷавонон кушиш ба харҷ диҳем, ки барои наслҳои ояндаи кишварамон як давлати зебову дилраборо ба мерос монем.
Мо-ҷавонон қалби бедори Ватан,
Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан.
Мо иваз кардан намехоҳем ҳеҷ
Бо гули мулки дигар хори Ватан.
Тоҷикистон ба мисли риштае, ки аз сӯзан мегузарад, аз алангаи ҷанги шаҳрвандӣ гузашт. Албатта, оташи ин ҷанг бо заҳмату талошҳои Сарвари кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хомӯш гардид.
Ҳакиме фармудааст: «Қудрат як имтиёзест, ки Офаридгор онро ба назаркардаи худ ато мекунад ва ин шахсиятҳои баргузида аз миёни миллионҳо нафар бо андешаву афкору пиндори худ рисолатҳои бузургеро анҷом медиҳанд, ки ба баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ дар садсолаҳо муяссар нагардидааст».
Ҳамин гуна, шахсияти бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон ва таърихсози миллати куҳанбунёди тоҷик маҳз Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дасти созанда ва қалби сулҳовару ваҳдатпарвар доранд, зеро дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон сулҳу саодатро пойдор гардонида, бо неруи ақлониву ҷисмонии худ Тоҷикистонро дурахшону гулистон намудаанд.
Шукрона кунем, чунин Ватан дорем,
Шукрона кунем, чунин Сарвар дорем.
Бо Сарвари оқилу донои худ
Шукрона кунем, чунин Тоҷикистон дорем.
Аҳлиддин Салиев,
донишҷӯи ДДБ ба номи
Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...