Мулоқоти Бобоҷон Ғафуров бо муҳоҷирони водии Вахш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 296
Қаҳрамони бо муҳоҷирони водии Вахш Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тӯли даҳ сол (1946-1956) дар вазифаи Котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бенуқсон кор кард. Замоне ки ӯ ин вазифаи муҳими давлатиро ба уҳда гирифт, на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки кулли мардуми шуравӣ дар барқарорсозии харобаҳои ҷанг, рушду ба эътидол овардани иқтисоди фалаҷгашта камари ҳиммат баста буданд.
Ҳукумати шуравӣ раванди муҳоҷирати дохилиро, ки ҷанбаи сиёсӣ дошт, солҳои сиюми қарни гузашта оғоз карда буд. Беш аз як миллион муҳоҷир иҷборан ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Замони ҷанг бошад, ин сиёсат доман зад ва бештар аз чаҳор миллион олмонитабори Поволже, казакҳои Астрахан, украинҳо, чечену ингушҳо, тоторҳои Қрим, литвониҳо ба Осиёи Миёна кӯчонда шуданд. Солҳои 1932-1938 дар ҷануби Тоҷикистон 65 ҳазор нафар муҳоҷири сиёсӣ дар водии Вахш ба кор ҷалб шуд. Муҳлати муҳоҷирати иҷборӣ понздаҳ-бист сол муқаррар шуда буд. Бинобар ин, онҳо пас аз сипарӣ гаштани ин муҳлат ба КМ ҲК СССР ариза навишта, ба хотири бозгашт ба зодгоҳи хеш кумак мехостанд.
Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи вазифае, ки бар дӯш дошт, бо маслиҳату машварат бо Москва чандин мулоқотро бо муҳоҷирони сиёсӣ дар водии Вахш (1949-1952) анҷом медиҳад.
Соли 1997, вақте ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд, як сокини водии Вахш, собиқадори милитсия, суду прокуратура Салмон Мухторови он вақт 79-сола, ки дар хоҷагии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ мекард, хабарро хеле хуш пазируфт ва чун шоҳиди ду мулоқоти таърихии Бобоҷон Ғафуров бо муҳоҷирони сиёсӣ ва осебдидагони заминларзаи Ҳоит ин ҳарфҳоро ба банда гӯшрас кард.
-Мулоқоти соли 1949 барои Бобоҷон Ғафуров хеле ҳузновар буд,- қисса намуд бобои Салмон. -зеро бо тасмими ҳукумат мебоист даҳ ҳазор нафари аз заминларзаи Ҳоит ҷон ба саломатбурда дар водии Вахш ҷойгузин ва соҳиби сарпаноҳ мешуданд. Ду ҳазори онҳоро худи муҳоҷирони сиёсӣ, ки дар колхозу совхозҳои хурду резаи навоҳии Ворошилободу Микоянобод ва Саройкамари ҳамонвақта ба пахтакорӣ машғул буданд, хуш истиқбол гирифтанд. Аввалҳои моҳи декабри ҳамон сол Бобоҷон Ғафуров ба назди осебдидагони заминларза ва муҳоҷирон ташриф овард. Мулоқоти эшон дар колхози ба номи Шверник ба вуқуъ пайваста буд. Бобоҷон Ғафуров ҷамъомадро дар майдони кушод гузаронд.
Ҷамъомадагон аз даҳ ҳазор бештар муҳоҷирони сиёсӣ ва осебдидагони заминларзаи Ҳоит буданд. Роҳбари аввали Тоҷикистон аз зилзила наҷотёфтагонро хеле дилбардорӣ намуда, ба онҳое, ки наздикони худро аз даст дода буданд, арзи тасаллият намуд. Иброз дошт, ки Ҳукумати умумииттифоқӣ ва маҳаллӣ ба онҳое, ки ҳама чизро аз фалокати даҳшатбори табиӣ аз даст додаанд, ёриро дареғ намедорад.
Қисми дувуми мулоқотро Бобоҷон Ғафуров ба баррасии аризаҳои муҳоҷирони сиёсӣ бахшид. Як соат ҳарф зад; вазъи дунёро таҳлил кард, ба муҳоҷирони сиёсӣ фаҳмонд, ки селоби ҷанги хонумонсӯз ватани аҷдодии аксари онҳоро ба вайрона табдил дода, барқарорсозӣ панҷ-даҳ соли дигар тӯл мекашад, ҷойи гарми худро азиз доранду зиндагиро дар водии Вахш идома бахшанд.
Дар поёни суханаш Бобоҷон Ғафуров ба муҳоҷирони сиёсӣ хушхабар расонд, ки Сталин ҳамаро авф кард, дигар шумо муҳоҷирони сиёсӣ нестед, ҳақ доред ва ба куҷое, ки хоҳед, сафар кунед.
Мулоқоти дувуми Бобоҷон Ғафуров соли 1952 бо фаъолони навоҳии Саройқамар, Микоянобод ва Ворошилобод боз дар колхози ба номи Шверник баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади серодам се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: муттаҳидсозии хоҷагиҳои хурд, муҳайё кардани манзил барои муҳоҷирони навоҳии кӯҳистон, ки ташаббускори он худи Бобоҷон Ғафуров буд ва баррасии пешниҳоди муҳоҷирони сиёсӣ. Ин се масъаларо худи Бобоҷон Ғафуров шарҳу тафсир дод. Ҳама онро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ карданд. Масъалаи сеюммуроҷиати муҳоҷирони сиёсиро Ремпел - раиси колхози ба номи Шверник қироат кард.
Ба Бобоҷон Ғафурови сиё-сатмадори варзида, роҳбари оқилу дилсӯз, башардӯсти матин муяссар гардид, ки дар он солҳо ҳазорҳо нафар муҳоҷирони сиёсии бадарғашударо, ки дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Вахш, кору зиндагӣ мекарданд, ба ҳаёт боз ҳам дилгарм созад, онҳо тоҷикону ин сарзамини биҳиштиро дӯст доранд ва барои ободии он чун шаҳрванди ин сарзамин фидокорона меҳнат намоянд. Ҳоло дар ҳар як ноҳия пайвандони муҳоҷирони сиёсӣ, ки бо ҳукми тақдир зиндагиро сипарӣ кардаанд, боқӣ монда, Тоҷикистонро ватани аслии хеш медонанд.
Б. САЛМОНОВ, рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00