Боздиди 63 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр , Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо , Боздид 650
Дар даҳ моҳи соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 63 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят боздид намудаанд. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
“Аз шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба вилояти Хатлон ташрифоварда аз мавзеъҳои сайёҳиву истироҳатии шаҳру ноҳияҳои Норак 25630, Кӯлоб 5309, Ёвон 8200, Хуросон 1325, Шаҳритус 3570, Муъминобод 3160, Восеъ 2012 Ш. Шоҳин 6954 нафар боздид кардаанд”, - гуфт мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Алимаҳмад Ниёзов.
Дар ҳамин баробар шумораи сайёҳони дохилӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳода, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 603 633 нафар сайёҳони дохилӣ аз вилояти Хатлон боздид намудаанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 26 маркази сайёҳӣ ва 22 хатсайри сайёҳӣ мавҷуд мебошад.