Меъмори ваҳдат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 289
Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нуҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ-Мазори Шариф-Шибирғон ва Мазори Шариф айратон (рӯ ба рӯи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакат хеле қафомонда молу амволро дар роҳҳои каҷу килеб ва серчангу пурлой бо қофилаи мар кабу аспу шутур интиқол менамуд. Давлати Шуравӣ дар Афғонистон умуроти фавқулодаи ободониро анҷом дода, роҳҳои замонавии асфалтпӯш эъмор кард ва тамоми марказҳои вилоятро бо ҳамдигар ва ба пойтахти кишвар васл намуд.
Табиист, ки ҳамон айём ба идораи чунин сохтмони пуровоза сокинони шаҳрҳо ва деҳоти гирду атроф ба ҷустуҷӯи кор меомаданд. Ва дар байни ин ҷӯяндагони ягон шуғлу вазифа ҳамдиёрони собиқи мо низ бисёр ба назар мерасиданд, ки онҳо бар асари воқеоти инқилобӣ солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ба ин мулку макон муҳоҷир шуда буданд. Онҳо худро аз Хуҷанд, водии Вахш, Ҳисор, Кӯлоб, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва дигар минтақаҳо мегуфтанд. Албатта, шахсе, ки соҳиби касби техникӣ набошад, дар сохтмони чунин шоҳроҳ кор карда наметавонист. Бинобар ин, одамони бидуни касбҳои техникӣ илтиҷо менамуданд, ки онҳоро ақаллан ба вазифаҳои посбон, фаррош, пиёдаи дафтар (нафаре, ки аз як идора ба идораи дигар нома мебарад) қабул бикунанд, то соҳиби лаби ноне бишаванд. Ба ин вазифаҳо низ фақат сокинони бумӣ соҳиб гашта, муҳоҷирон сарсону саргардон ба ҷойҳои дигар барои ҷустуҷӯи кор мерафтанд. Чеҳраҳои пурожанг, чашмони ғамангез, ҳолати мусибатомези ҳамдиёрони кулфатзада аз пеши назарам лаҳзае сутурда намешаванд. Ҳатто роҳ гаштани ин тоифаи одамон як навъ мағмумона буд. Ба ин ваҷҳ ман ҳамдиёрони раҳгумзадаро аз қадам ниҳодани ғамолудаашон низ мешинохтам.
Мо, тарҷумонҳои Тоҷикистон, дар ин сохтмони шоҳроҳҳо се-чор нафар будем. Дар рӯзҳои истироҳат чун дар хонаи яке аз дӯстон ҷамъ шавем, бештар дар бораи сарнавишти нобасомони ин гурезаҳои бадбахт суҳбат менамудем. Доир ба он бо дарду алам сухан мерондем, ки касе аз роҳбарони замон аз ҳолу аҳволи ин бечорагони бекасу кӯй пурсон нашудааст. Ё пурсон шуда бошад ҳам, баҳри ба Ватан бозгаштани онҳо ягон чораҷӯӣ ва амале ба ҷой наовардааст. Ва онҳо ҳамчун бадхоҳону бадандешон аз Ватан дуру бегона мондаанд. Ҳол он ки мо дар суҳбати рӯёрӯй бо чунин ғарибон огоҳ гардида будем, ки аз мусофирати онон сӣ, чил ва панҷоҳ сол гузашта бошад ҳам, дар ёди диёри азиз дилашон гум мезад ва ҳанӯз бовар доштанд, ки рӯзе меояду ба Ватан бармегарданд ва соҳиби як пора хоки поки бобоӣ мешаванд, зеро аксарашон дар ин кишвари рафтаашон на қитъаи замин доштанду на сарпаноҳе, яъне панҷоҳ, шаст сол боз иҷоранишин буданд. Ба тӯли ҳамин қадар солҳо дар ин мулк муваққатан мезистанд. Бо ҳамин ақидаи имрӯзу фардо дар ғарибӣ зиндагӣ мекунанду гӯё пасфардо ба Ватан бармегарданд. Ин ақида дар он ҳолат саҳеҳ мешавад, ки ба ибораи халқ гӯем, агар аз пасат соҳибдарак дошта бошӣ.
Возеҳ мегардад, ки он солҳо муҳоҷирони иҷборӣ соҳибдарак надоштанд ва ба ин ваҷҳ рӯи азизи Ватанро дигар дида натавонистанд. Ва дар кӯи ғарибию ҳақирӣ ва таҳқирӣ муфлису беному нишон гардидаанд. Ҳай дареғ, ҳазорон дареғ...
Боиси таассуфи амиқ аст, ки бо оғози Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб неруҳои сиёҳи иртиҷоъ сар бардоштанд ва як халқи некуманишро ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ҷудо намуданд. Дар фарҷоми пурнаҳси амалиёти ин қувваҳо як теъдоди мардум боз ҳам ба он кишвари ҳамсоя муҳоҷирони иҷборӣ шуданд.
Ба даргоҳи Худованди бузургвор шукрона мегӯем, ки абармарди ориёнажоди соҳибнубуғ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-и таърихӣ якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори давлат интихоб гардиданд.
Ва аз минбари мубораки Иҷлосия суханони муъҷизавии дили бузурги худашонро изҳор намуданд: “Бо тамоми ҳастии худ ба муқобили ҷанг мубориза мебарам ва дар берун аз хоки ҷумҳурӣ то як нафар мондани муҳоҷирон ором намегирам.”
Роҳбари ҷавони Тоҷикистони азиз ин Барномаи аввалини давлатдории худро бидуни ёрию маслиҳати мушовирон баён доштанд. Зеро ин суханронии нахустини он кас дар вазифаи сардори давлат буд. Ва ин баёнот дар ҷисму ҷони сокинони ҷумҳурӣ як шуълаи умедро мунаввар сохт. Одамон аз садоҳои ҷонсӯзи тирҳои оташафрӯз безор шуда буданду ҳамакнун ба ҳар як ҳарфу амали Роҳбари содиқ ва ҷасуру ғайратманди Тоҷикистон бо умедворӣ менигаристанд.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани Барномаи аввалини давлатсозии худ на рӯз ором мегирифтанду на шаб. Хусусан ба минтақаҳои аз лиҳози ҳарбӣ хатарноки ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ва кишвари Афғонистон сафар намудани Пешвои миллат ҷасорату қаҳрамонии беназир аст. Мулоқоту гуфтугузорҳо бо роҳбарони мухолифин дар рустоҳои хавфнок, муроҷиатҳо тавассути телевизион ва радиои кишвари ҳамсоя ба муҳоҷирин, ки зудтар ба Ватан, ба ҷойҳои муқимии хеш бозгарданд, дар натиҷаи кӯшишҳои доимии Роҳбари давлат анҷом меёфтанд.
Кулли ин ҷаҳду талошҳо, ҷоннисориҳою фидокориҳо барои он буданд, ки халқи ҷумҳурии азиз ғарибу бенаво набошад ва аз ҳама муҳимаш он ҳисоб меёфт, ки падарону модарон, бародарону хоҳарон ва писарону духтаракон овораю бечора нашаванд ва озурдаю таҳқир нагарданд. “Падарону модарон, бародарону хоҳарон, ба Ватан баргардед, мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, лекин як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем ва Тоҷикистони азизамонро ҳамроҳ обод менамоем. Ба Ватан баргардед, мо шуморо интизорем!”-нидо мекарданд Сардори давлат.
Вақте ки ман ин суханони самимию таъсирбахшро дар дил як бор такрор менамоям, пеши назарам чеҳраҳои пажмурдаи ғарибони солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ҷилвагар мешавад. Ба он бечораҳо ҳеҷ вақт касе чунин муроҷиат нанамуда буд ва онҳо ин меҳрубониҳоро эҳсос накарда, ба ёди Ватан бо дилҳои доғ ва ҷигарҳои бирён чашм аз ин ҷаҳон пӯшидаанд...
Хушбахтона, кӯшишҳо ва талошҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бор оварданд ва муҳоҷирони иҷборӣ ба диёри азизамон баргаштанд ва аввалин поездро, ки вагонҳояш пур аз муҳоҷирон буданд, дар истгоҳи Лубиёкори ноҳияи Шаҳритус Пешвои муаззами миллат шахсан худашон истиқбол намуданд.
Ҳарчанд возеҳ аст, ки муҳоҷирини замони пешин дар шароити дигар ҷилои Ватан карда буданду он инқилоб низ оҳангу маънои хосе дошт, бо вуҷуди ин, роҳбарони рутбаи аввали ҳамон замон ҳолу аҳволи муҳоҷиронро ҳеҷ пурсон нашуданд ва ҳаёти ин гурезаҳои бечора бо ғурбату ночорӣ ва таҳқироти пурфоҷиа сипарӣ гардид. Аммо Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандию дурандешии бузургворона нақшаҳои муъҷизавии дар минбари Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштаашонро ба анҷом расонида, дар муҳлати кӯтоҳ оташи ҷангро хомӯш карданд ва кулли муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, миллати тоҷикро аз ғарибӣ, нодорӣ ва таҳқирҳои бепоён наҷот бахшиданд! Бале, ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро аз ғарибию бенавоӣ ва таҳқирҳои ҷонгудоз раҳо намуданд.
Хизматҳои Пешвои муаззами миллатро агар ба таври дигар ташреҳ бикунем, ин кас ба мисли падари ғамхор фарзандони паҳну парешонгаштаро, албатта, бо худафрӯзию заҳматҳои бисёр боз ба хонаи аслии худашон ҷамъ намуданд. Ин фидокориҳои падари ғамхори халқ ба ҳама гуна арҷгузорӣ ва тамҷиду таҳсинҳо сазоворанд.
Барномаи аввалини давлатсозии Сардори давлат, чӣ тавре ки он кас дар минбари Иҷлосияи таърихӣ иброз дошта буданд, танҳо бо қатъ кардани набардҳои бемаънии байниҳамдигарӣ ва бозгашти муҳоҷирин анҷом наёфта, дар он бисёр масъалаҳои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва умуроти дигари бунёди давлатдорӣ ҷой доштанд ва онон ба фарҷоми неки худ расиданд. Аз ҷумла, бо дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нашрияи марказии он “Минбари халқ” таъсис гардиданд, ки барои ваҳдати миллӣ ва маърифати ҳизбию давлатдорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ мақоми бузурге мебахшанд.
Боиси хушбахтии ман аст, ки ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” сармуҳаррири аввалин таъин гардида, ин вазифаро ба муддати панҷ сол иҷро намудам. Зимнан як муддат ин нашрия ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ дар шакли рӯзномаҳои алоҳида чоп мешуд, ки роҳбарии ин замимаҳо низ ба уҳдаи камина вогузор гардида буд...
Сардори давлат чун ҳамеша мисли Падари ғамхори халқ пеш аз оғози зимистон дар саросари Тоҷикистони маҳбуб сафари корӣ анҷом доданд, ки вазъи кулли вилоят шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҳатто деҳаҳо ва ҳавлиҳои шахсони алоҳидаро бо чашмони худашон бинанд, аз пешравиҳо мамнун шаванд, барои ислоҳи камбудиҳо маслиҳату дастурҳои пурқиммат диҳанд. Ва ҳатман дар ҳамаи минтақаҳо бо ятимоне, ки аз тарафи давлат тарбия меёбанд, мулоқот карда, ба онон туҳфаҳои зарурӣ тақдим намоянд ва дар ҳалли мушкилоти рӯзгори онҳо мусоидат намоянд. Мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо ятимон лаҳзаҳои ниҳоят таъсирбахш ва бағоят инсонпарварона ҳастанд, ки онҳоро бидуни ашки чашмон дидан имконнопазир аст. Дар ин вохӯриҳо ба Сардори давлат “падарҷон” ва “бобоҷон” гӯён арзи дил намудани ятимон низ басо табиӣ садо медиҳад.
Ҷараёни ин воқеаҳоро мушоҳида намуда, кас мутмаин мегардад, ки ҳақиқатан ҳам Падари ғамхори халқ дар саросари ҷумҳурӣ ҳар дам аз ҳолу аҳволи фарзандони хурду калони худашон комилан воқиф мешаванд. Падари ғамхори халқ ба ҳамаи фарзандони худ меҳрубон ҳастанд.
Бахтиёри Муртазо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...