СОКИНОНИ АЛМААТО АЗ НАМОИШ-ФУРӮШИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДИДАН КАРДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 329
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар майдони ба номи Абаи шаҳри Алмаато намоиш-фурӯши молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, хизматрасониҳо дар самтҳои комуникатсиониву сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ пешкаши сокинону меҳмонони ин шаҳр гардонида шуд.
Ин чорабинии сатҳи баланд дар шаҳрҳои Остона, Шимкент ва Алмаато низ идома дорад, ки кишвари моро сокинон, соҳибкорону кишоварзон ва ҳунармандону санъаткорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик дар шаҳри Алмаато муаррифӣ намуда истодаанд.
Чорабинии мазкур дар заминаи 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат гирифта, он дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Зеро муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.
Дар гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳи мазкур, маҳсулоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ ба монанди тарбузу харбуза, намудҳои гуногуни хуштамъи ангур, сабзавоту меваҷот дар шакли тару тоза, хушк ва консервакардашуда, асал ва дигар номгӯи маҳсулот ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди сокинони меҳмонони шаҳри Алмаато гардид.
Молу маҳсулоти гуногуни саноатии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин намоишгоҳ ба маърази меҳмонон ва сокинони гуногунқавму миллати шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон гузошта шуда буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки тайи солҳои охир дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат рушд карда, дар баробари барқарор гардидани коргоҳу корхонаҳои мавҷуда, ҳамзамон иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи мустақим ва ҳавасмандии соҳибкорон ба кор андохта мешавад, ки ин омил баҳри боз ҳам афзун гардидани ҳаҷми коркарди ашёи хом ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ ва таъмини бештари сокинон бо ҷойи корӣ мусоидат карда истодааст.
Гӯшаҳои намоишӣ аз маҳсули тахайюли бою рангин ва дастони пурэъҷози ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хеле моҳирона оро ёфта буд, ки таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб мекард.
Махсусан занону бонувони шаҳри Алмаато ҳар як намунаи маҳсули ҳунармандони тоҷикро бо диққати том таваҷҷӯҳ карда, вобаста бо тарзи омодасозӣ, маҳсулоти истифодашуда, маънии нақшу нигор дар гулдӯзиву сӯзаниҳо дар рӯи матоъ, либосҳои миллии чакану атлас ва дигар ороишоти зани тоҷик, нақшбандӣ дар чӯб ва мавриду ҳолати истифодаи онҳо пурсон шуда, ҳар кадоме вобаста ба завқу салиқаи худ аз намоишгоҳ чизе харидорӣ мекард.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати бо муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар таҳкими муносибатҳои дипломатии миёни кишварҳо пешгом мебошад.
Ба хусус баргузори чорабиниҳои гуногун ба монанди Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ва ба ҳамин монанд рӯзҳои фарҳангии дигар кишварҳо дар Ватани мо гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад.
Бахши фарҳангӣ аз қисмати асосии чорабинии бошукӯҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маҳсуб гардида, дар рӯзҳои муайяншуда шомгоҳон бо иштироки устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва дигар ҳунармандони шинохтаи мамлакат, барномаи рангину пурмӯҳтаво пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Алмаато карда мешавад.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00