Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 240
Аз 24 то 29 августи соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд. Ҳамчунин, дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон намояндагони аҳли фарҳанг ва санъати вилояти Хатлон иштирок доранд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин доира, дар шаҳри Остона, мулоқоти аҳли илму адаби Тоҷикистону Қазоқистон, маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик бо намоиши филми бадеии “Рустам ва Суҳроб” (муаллифи сенария Г. Колтунов, коргардон Б. Кимягаров), маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи олими тоҷику форс, файласуф, табиби оламшумул Абӯали ибни Сино, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера», намоиши филмҳои “Шинохти Саразм” (муаллифон Шавкати Муҳаммадӣ ва Тоҳири Асрориён, коргардон Рустам Сатторзода) ва «Оинаи беҷило» (коргардон Носир Саидов), намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар барномаи консертӣ Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло, ҳамчунин ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Хақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова ва ансамблҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез”, “Парасту”, “Ҷаҳоноро” ва “Лола” ширкат меварзанд.
Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед! Мо ҳатман матлаби Шуморо дар рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр менамоем.
_____________________________
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00