Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар Остона


Ифтитоҳи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар Остона



Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон бо иштироки вазирони фарҳанги Қазоқистон ва Тоҷикистон маросими ифтитоҳи пайкараи олими тоҷик, шоир, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино доир гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.


Ибни Сино- олим, файласуф ва табиби форс-тоҷик мебошад, ки дар асрҳои X-XI зиндагӣ намуда, дар Ғарб бо унвони «Авитсена» маъруф гардидааст.


Ибни Сино беш аз 450 рисола дар соҳаҳои гуногуни илм навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар соҳаи пизишкӣ дахл доранд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз ҷумлаи бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафӣ буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX тадрис мешуданд.


Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузоштааст, ки онҳо аз таҷрибаҳои ӯ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари тибби замонавӣ ва дорушиносӣ шуморида мешавад.

Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед! Мо ҳатман матлаби Шуморо дар рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр менамоем.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода