Ваҳдат-омили муҳимтарини дастовардҳои Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 317
Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҷашне саршор аз эҳсоси ватандорӣ, тантанаи сулҳ, адолат ва пойдории миллати тоҷик мебошад.
Миллати хушиқболи тоҷикро бахти ваҳдатсароӣ ва арҷ гузоштан ба амнияту осудагӣ шарафманд кардааст, ки имрӯз мардуми мо аз ҳавои беғубори Ватани азизамон-Тоҷикистон нафаси тоза мегиранд. Ҳавои ҷонбахши Ватан ба ҷисми мо тавони ватандорӣ мебахшад. Эҳсоси худшиносии мо боло мегирад ва бо қалби пур аз муҳаббат васфи ободию озодагии сарзамин менамоем.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло Ваҳдатро ҳаёт ва наҷот барои халқи тоҷик ба қалам дода, иброз медорад, ки ба унвони сиришт ва қиблаи умед бояд ибораи Ваҳдати миллиро бо коми шуста ба забон гирифт:
Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,
Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.
Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,
Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.
Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани давлати ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор оварду тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишинанд, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ - оштиву якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди давлатдорӣ ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гар- дидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест ва сарчашма мегирад аз ваҳдати миллӣ, тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатро муайян месозад.
Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо шарофати ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Тоҷикистони ҷавони мо ба як қатор дастовардҳои назарраси сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ ноил гашт, аз он ҷумла: пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон ва ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он, Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар, ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, ворид намудан ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО – Саразм ва боғи миллии Тоҷикистон, ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом», Наврӯз,“Оши палав” ва “Чакан”, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард. Инчунин, дар тӯли сӣ соли охир 50 маротиба зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ, 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ бо арзи хориҷӣ, аз 358 корхонаи саноатӣ ба 2500 адад расонида шудани теъдоди он, таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани зиёда аз 180 ҳазор хоҷагиҳо, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд, ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ташаккули 70 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ, дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, ба 40 адад расонидани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ, то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, 1,8 баробар кам кардани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,7 баробар кам кардани фавти кӯдакон ва ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат.
Ҳамзамон, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии мо заминаи боэътимод гузошт: барои ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дӯши худ гирифтани ҳифзи оромию суботи давлат ва кулли сарҳадҳои он; ташаккул ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳи худро надоранд; ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он; роҳандозии усули “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалӣ пайдо кардани ҷумҳурӣ аз ҷониби қариб 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар; амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон; таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар.
Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танҳо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем, инчунин мо бояд тамоми донишу таҷриба, неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дӯстии Пешвои миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азиз равона гардидааст.
Бигузор хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату якдигарфаҳмӣ дар осмони софи Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад танинандоз бошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Амонулло Салимзода,
муовини якуми раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...