Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мавлоно ифтихори тоҷикон ва тамоми башарият аст


Мавлоно ифтихори тоҷикон ва тамоми башарият аст



Тавре қаблан хабар додем, 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕ СКО ворид гардид.

Ба ин муносибат аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Соли Румӣ» (ба муносибати 800-солагии Мавлоно аз ҷониби ЮНЕСКО эълон гардида буд), ки 8 сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чанд иқтибос меорем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ иброз доштанд, ки «шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо - тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Пешвои миллат дар ин суханронӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки «назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад. Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно - «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони Бузург мебошанд».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти зиёда аз 800 сол имрӯз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталифи онҳо мафтун гардонидааст.

«Зиндагии Мавлоно ва густариши равияи мавлавия ба пуштибонии салтанати Салҷуқиёни Рум алоқаманд аст, ки дар Осиёи Хурд ҳукмронӣ мекарданд. Азбаски солҳои зиёди умр, авҷи таълиму тадрис, фаъолияти илмиву эҷодӣ ва манзили охирати Ҷалолиддини Балхӣ бо ватани дуюми ӯ - шаҳри Қунияи Рум, яъне қаламрави Туркияи имрӯза вобаста мебошад, ӯ бо номҳои Ҷалолуддини Румӣ, Мавлоно, Мавлавӣ ва Мавлои Рум шуҳрат пайдо кардааст.

Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум - забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд»,-тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки «Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аз назари ӯ асоси таъминкунандаи осоиши башар будааст:
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. 

Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштаааст, ки имрӯз ҳамсадои робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳост».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо - тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем. Дар Ватани азизи мо - Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ - «Маснавии маънавӣ» ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шаккарини тоҷикӣ шинохта шудааст».

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон Мавоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд.

Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Хотиррасон мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рухсораи НУР

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода