Раиси вилоят ба тамошои "Зол ва Рудоба" омад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 499
Шоми 16 июн, дар шаҳри Бохтар намоишномаи саҳнавии “Зол ва Рудоба” аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.
Намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз рӯйи яке аз достонҳои ҳамноми асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” таҳия шуда, онро коргардон Қурбонзода Баҳром ба саҳна гузоштааст.
Дар нақшҳои Зол Фирдавси Турдлиалӣ, Рудоба - Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр - Отахон Саидзода, шоҳ Сом - Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт - Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон - Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.
Қобили зикр аст, ки Ҳайати эҷодии театр бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" имсол дар озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» ширкат намуда, соҳиби ҷойи дувум гардидааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид пас аз тамошои намоишнома ба нақшофарии ҳунармандони театр баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишномаҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан ба насли наврасу ҷавон мебошад.
- Асарҳои дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ басаҳнагузоштаи театр дар бораи сарнавишти миллат, чеҳраҳои барҷаставу мондагор, одамони фидоии роҳи ҳақиқат, қаҳрамонони арсаи меҳнат, ободкориҳои ватан ва монанди ин қисса мекунанд, - қайд намуд раиси вилоят. - Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки театр рисолати азалии хеш – тарбияи инсони навро бомуваффақият иҷро намуда меояд. Бунёди бинои наву замонавии театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ дар шаҳри Бохтар бозгӯи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик арҷ мегузорад. Барои пешрафти театрҳои касбии вилоят маблағгузорӣ аз тарафи давлат ин худ боз як роҳи дигаре дар таҳкими рушди театри миллии тоҷик мусоидатгар аст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид толори пур аз тамошобини театрро нишонаи маҳбубияти рӯзафзуни ин навъи санъат арзёбӣ намуда, изҳори итминон кард, ки аз ҳисоби асарҳои драматургияи миллӣ бой гардонидани репертуари он барои тарбияи инсони нави замони соҳибистиқлолӣ саҳмгузор хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки ҳоло бештар ба ҳайати эҷодии театр ҷавонони болаёқати соҳа ҷалб гардидаанд ва бовар ҳаст, ки онҳо ташаббуси устодони саҳнаи тоҷикро бемамониат идома медиҳанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00