Раиси вилоят ва Президенти БОР аз мавзеи таърихии Аҷинатеппа дидан намуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 844
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава ва ҳайати ҳамроҳонашро ба тамошои мавзеи таърихии "Аҷинатеппа", воқеъ дар ноҳияи Вахш бурд.
Иттиллоъ дода шуд, ки "Аҷинатеппа" боқимондаи ёдгори меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият дошт.
Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест. Ин унвон солҳои 40-уми асри ХХ пайдо шудааст. Вақте ки дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст, нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобидаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд сокинони маҳаллӣ онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ кардаанд.
Аҷинатеппаро дар ноҳияи Вахш (13 км дуртар аз шахри Бохтар)-и вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кардааст.
Дар ин мавзеъ муҷассамаи 14-метраи якпаҳлухобидаи Буддо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди буддои нишаста ёфт шудаанд. Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд.
Аҷинатеппа нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст.
Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асакава ҷиҳати таъмир ва ба як базаи сайёҳӣ табдил додани ин макон мароқ зоҳир намуда, иброз дошт, ки метавон дар натиҷаи корбурди хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00