Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 29 -умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 29 -умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон



28 майи соли 2023 аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 29 сол пур шуд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ”- и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон гузориш доданд.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 166 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз тақдим гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи нави сарҳадии “Айвоҷ”-ро, ки ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бунёд гардида буд, ифтитоҳ намуданд. Дидбонгоҳ бо тамоми шароити муосир ва техникаҳои замонавии мушоҳидавӣ дар марзи давлатӣ таъмин мебошад.

Пас аз ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизмат ва будубоши сарбозон, маркази назорати хатти сарҳади давлатӣ, шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки аллакай даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуданд.

Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд. Бояд гуфт, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.



Иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардидааст. 

Дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат” дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуд.

Дар рӯзи таҷлили иди сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ  ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сарҳадии “Айвоҷ” бинои дуошёнаи истиқоматӣ бо 12 хонаро ифтитоҳ карда, ба оилаҳои хуштолеи афсарон калиди хонаҳоро тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёи зарури рӯзгор ва техникаи маишӣ таъмин гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат соҳибони хонаҳои навро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик ва соҳиб шудан ба манзилҳои замонавии истиқоматӣ таҳният гуфта, онҳоро барои адои хизмати содиқона ҳидоят карданд.

Баъди ташриф ба дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои сарбозону афсарон муҳайёшуда, аз қабили хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, сартарошхона, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ шинос шуданд.

Дар ошхонаи дидбонгоҳи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон суҳбати самимӣ доир карда, бо шароити хизмати онҳо шинос шуданд. Пешвои миллат сарбозонро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми давлат ҳидоят намуданд.  

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” барои афсарон 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист ва ашёҳои зарурӣ бунёд гардид, ки имрӯз Сарвари давлат ба соҳибонашон калид супориданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.




Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Айвоҷ” ва дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик гузашти низомии Отряди сарҳадии “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус ва шумораи зиёди техникаҳои гуногуни низомӣ доир гардид.

http://www.president.tj/node/30758

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода