Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 354
Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори солгарди бистунӯҳуми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик самимона табрик мегӯям.
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбон буд.
Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набудани ҳимояи сарҳади давлатӣ ба шумор мерафт.
Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ қарори дахлдор қабул гардид, ки дар асоси он дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ва баъди чанд муддат бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис дода шуд.
Минбаъд ҷиҳати пешгирӣ кардани убури гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир тавассути хатти сарҳади давлатӣ зарурат ба миён омад, ки 28-уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис диҳем ва ин санаи таърихиро Рӯзи сарҳадбонон эълон намоем.
Яъне Қӯшунҳои сарҳадӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи ниҳоят ҳассос ва мушкили таърихи кишварамон, яъне дар замоне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, таъсис дода шуданд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ки дар кишвар, хусусан, солҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ вуҷуд доштанд, Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани шароити инфрасохторӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Ҳоло бо гузашти солҳо Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд.
Дар ин раванд, як нуктаи муҳимтаринро хотирнишон месозам, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон, хусусан, дар самти Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофӣ мушкилтарин минтақаи марзӣ мебошад, зеро қисми зиёди он аз мавзеъҳои душворгузари кӯҳӣ мегузарад.
Бо дарназардошти ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ бисёр иқдомоти зарурӣ – аз ташкили отряду комендатура ва дидбонгоҳу нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ сар карда, то таъсиси муассисаҳои таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони сарҳадбон амалӣ карда шуданд.
Дар баробари ин, барои беҳтар намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот то имрӯз 198 постгоҳи иловагии сарҳадӣ ташкил карда шуд.
Илова бар ин, бо дастури Роҳбари давлат аз моҳи сентябри соли 2022 ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди 77 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид.
Аз ин шумора худи ҳамин рӯз 33 иншоот, аз ҷумла 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 1 комендатураи сарҳадӣ, 2 постгоҳи сарҳадӣ ва 166 хона барои афсарон, дар маҷмӯъ, барои 4000 нафар сарбозону афсарон бо беҳтарин шароит ба истифода дода шуд.
Дар иншооти имрӯз ба истифода супоридашуда шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имкониятҳои зарурии муосир муҳайё карда шудаанд.
Сохтмони 53 иншооти дигари сарҳадӣ босуръат идома дорад ва то моҳи сентябри соли равон, яъне дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Соли 2024, ки ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад, боз 15 дидбонгоҳи дигар дар мавзеъҳои баландкӯҳ пурра омода мегардад.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир аз ҳисоби имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 374 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, 487 иншооту биноҳои дигари сарҳадӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ сол ба сол беҳтар шуда, дар муддати панҷ соли охир бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 техникаи нав ва таҷҳизоти муосири сарҳадбонӣ харидорӣ гардид.
Имрӯз барои эҳтиёҷоти ҳайати шахсӣ ва дигар заруратҳои низомӣ, ки дар шароити кӯҳистон пеш меоянд, 100 техника харидорӣ ва ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ супорида шуд.
Худи ҳамин рӯз танҳо дар ду минтақаи сарҳадии Панҷи Поён ва Шамсиддини Шоҳин зиёда аз 32 километр роҳ ба истифода дода шуда, то дидбонгоҳҳои сарҳадии «Шараф» 14 километр ва «Шоҳон» 7,5 километр хатти интиқоли нерӯи барқ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунёди роҳ дар мавзеи «Дашти Суюн» се сол инҷониб идома дошта, то имрӯз 43 километри он омода гардидааст ва солҳои минбаъда боз 90 километри дигар пурра бунёд мегардад.
Бо дарназардошти аҳаммияти калидии омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, аз ҷумла барои сохторҳои марзбон Ҳукумати мамлакат ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Тайи даҳ соли охир 1200 нафар ҷавонон Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва 600 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.
Ҳоло дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони мо, яъне мутахассисони сарҳадбони оянда таҳсил доранд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ, хусусан, ҳайати афсарону омӯзгорони Донишкадаи олии сарҳадӣ, Маркази таълимии «Пойтахт» ва дигар муассисаҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд, пеш аз ҳама, ба такмили сатҳи дониш ва касбияти худ, дар рӯҳияи баланди худшиносиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба халқу Ватан тарбия кардани донишҷӯён, инчунин, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар тӯли қариб се даҳсолаи мавҷудияти Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир 150 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои марзбон ҷони худро қурбон кардаанд.
Мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳамеша гиромӣ хоҳанд дошт.
Аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, то имрӯз 129 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардида, ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ 1700 оилаи афсарони мақомоти сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.
Раванди беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома дода мешавад.
Муҳтарам афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дар самти ҳифзи сарҳадот ва таъмин намудани амнияти ҷомеа ва давлат тадбирҳои иловагиро амалӣ намоем.
Хусусан, торафт фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва зуҳури гурӯҳҳои нави ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, хизматро содиқона, бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намояд.
Шумо – афсарону сарбозони марзбон, ки дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доред, ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи шумо мебошад.
Илова бар ин, шумо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, сатҳи касбият ва донишу маҳорати худро баланд бардоред, Ватан ва ҳар ваҷаб марзи онро дӯст доред, ба савганди ҳарбӣ, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқ бошед.
Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки марзи давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ буда, ҳимояи он рамзи нангу номуси ватандорӣ ва шаъну шарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад.
Такроран таъкид менамоям, ки ҳимояи ҳар як пораи хоки муқаддаси Тоҷикистони маҳбубамон қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва шарафу ифтихори бузург барои тамоми ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ – аз генералҳо то афсарону сарбозон ба ҳисоб меравад.
Бовар дорам, ки ҳар яки шумо минбаъд низ рисолати ҷавонмардонаи худро барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳимояи суботу оромӣ, амнияти сокинони кишвар ва манфиатҳои милливу давлатӣ содиқона иҷро менамоед.
Бори дигар ҳамаи шумо – марзбонони далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони Ватани азизамонро ба ифтихори 29-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик самимона табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва амнияти сокинони мамлакат барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, марзбонони содиқи Ватан!
http://www.president.tj/node/30756
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00