ТАҶЛИЛИ ШОИСТА АЗ РӮЗИ ШАШМАҚОМ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 669
Ба муносибати Рӯзи шашмақом, ки ҳамасола 12 май ҷашн гирифта мешавад, шоми рӯзи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳамоиши идонаи ҳунарӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба самъи ҳунармандон ва роғибони ин мусиқии суннатии миллӣ расонид.
Пас аз сухани табрикӣ ба як қатор ҳунармандон Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки ба ифтихори Рӯзи шашмақом дар вилояти Хатлон озмуни вилоятии "Мақомхонӣ" натиҷагирӣ гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ансамбли "Шашмақом" ва саҳнаҳои рақсии ансамбли "Ситора"-и шаҳри Бохтар ба ҳамоиши мазкур ҳусни бештар бахшид.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00