Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид


Давлаталӣ Саид раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид



Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ваколати вакилони тозаинтихоби Маҷлис Давлаталӣ Саид, Ҷамшед Шарифзода ва Холмурод Раҳмонро тасдиқ намуд.


Ба онҳо шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон супурда шуд.


Вакилони Маҷлис Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 27 феврали соли 2023 дар бораи раиси вилояти Хатлон таъин кардани Давлаталӣ Саид тасдиқ намуданд.


Ҳамзамон Давлаталӣ Саид раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид.

Давлаталӣ Саид ба интихобкунандагон барои дастгирию бовариашон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят бо дастгирии фаъолон саҳмгузор хоҳад буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода