Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАТИҶАГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


НАТИҶАГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳи январи соли 2021 ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 январи соли ҷорӣ бармеояд, баргузор гардид, иттилоъ дода шуд аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар ҷаласаи корӣ, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барпо шуд, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот ва масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат ва шуъбаҳои кишоварзӣ, омор, кумитаҳои идораи замин, сармеъморон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.

Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни ироаи ҳисоботи худ қайд намуд, ки саноатчиёни вилоят ҷиҳати татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар вилоят ба маблағи 759705 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки 103%-и дурнаморо ташкил медиҳад. 

Дар ин моҳ 89 намуди маҳсулоти саноатӣ, аз қабили намаки ошӣ, гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ, хӯроки чорво, нӯшокиҳо, пахтаи кӯрпабоб, ранги сохтмонӣ, клинкер, семент, гаҷ, хишти бинокорӣ ва сементӣ, роҳрав, мебел бештар аз дурнамо истеҳсол шудааст.

Дар корхонаҳои саноати 14 намуди маҳсулот, ки соли гузашта истеҳсол нашуда буд (донаки офтобпараст, меваи хушк, чӯбчаҳои нафисӣ, қуттии картон, маҳсулоти беҳдоштӣ, ширеш, моеи зарфшӯӣ, ротбанд, плитаи оҳану бетонӣ, шифер, дучарха, конструксияҳои филизӣ), истеҳсол гардид.

Маълумот дода шуд, ки моҳи январи соли 2021 дар ҳаҷми як миллиарду 431,9 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 367 миллиону 528,52 ҳазор сомонӣ истеҳсол шудааст. 

Дар ҷаласаи корӣ оид ба ҳолати бақайдгирии иншоотҳои ҷашнии ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдгардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳисоботҳои оморӣ сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилоят Қ. Ҳакимзода гузориши муффасал дод.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар рафти ҷаласа оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бакорандозии корхонаҳои бозмонда ва суръатбахшии сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ аз масъулин пурсиш ва вобаста ба дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дастуру супоришҳо дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода