Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 954
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншоот дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,50 гектар замин бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд ёфтааст. Қутри Нишони давлатӣ 2 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 22 метр баробар аст.
Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтаанд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 15 нишастгоҳ мавҷуд аст. Дар ин ҷо ҳамчунин як шаршараи зебо бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ки ҷолиби диққат мебошад.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, ба макони асосии тамошо, сайёҳату фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бо ҷалби наврасону ҷавонон табдил ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррам намудани атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
http://www.president.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...