Ба истифода додани бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 682
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ бо дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 216 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Дар Марказ 17 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин гардидаанд, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд. Марказ дорои шароити муосири таълимӣ буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 12 гурӯҳ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои Марказ 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, рассомӣ ва дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм мавҷуд мебошанд.
Раванди таълим дар ин маркази навбунёд бо забонҳои тоҷикӣ, русиву англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар он кӯдакон ба омӯзиши ҳунарҳои рассомӣ, дӯзандагӣ ва пазандагӣ ҷалб карда мешаванд.
Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Универсал электромантаж” дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд анҷом додаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар марказ фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.
http://www.president.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00