Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 636
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Агентии иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён ба истифода доданд.
Бинои мазкур дар деҳоти ба номи Носири Хусрав, дар масоҳати 0,12 садяк замин аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюм китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраи кории мутахассиси бахши баҳисобгирии инфиродӣ, кор бо соҳибкорони инфиродӣ, равзанаи ягона, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис ҷойгир мебошад.
Ҳуҷраҳои кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар ноҳия пурра бо таҷҳизоти корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, техникаи компютерӣ, чопӣ ва дигар лавозимот таъмин карда шудааст.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муҳайёгардида, дар бинои мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
http://www.president.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...