Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН



Имрӯз, 30 сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиши идона доир гардид. 

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис ва дигар роҳбарони раёсату ташкилотҳои давлатӣ ширкат доштанд. Ҳайати иштирокчиён дар назди мақбараи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гулчанбар гузошта, барои гиромидошти он сари таъзим фуруд омаданд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, аз бузургиву манзалати Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар шуд. Ӯ қайд дошт, ки Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо эҷодиёти гаронбаҳои хеш тавонистааст, ки дар дили ҳазорҳо ҳаводорони шеъру шакар ҷой гирад. Сабки эҷоди ашъори Мавлоно бо забони содаву гуворо суруда шуда, дар адабиёти классикии тоҷику форс нақши созгоре доштааст.

Дар охир, ҳунармандону донишҷӯён ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро қорат намуданд.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон» 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода