Парвандаи ҷиноятӣ барои қаллобӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 921
Раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори вилояти Хатлон дар он муттаҳам дониста мешавад, ки садҳо бор аз “бизнес-леди”-ҳои вилоят пул гирифта, узвияту грант ваъда медодааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ӯ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дода, таъкид кардааст, ки нафари гумонбар бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба узвияти Ассотсиатсия пул мегирифтааст. Аз ҷумла маълум карда шудааст, ки дар 200 ҳолат аз ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 748 ҳазор сомонӣ пул гирифтааст. Бар иваз ваъда медодааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” барои онҳо гранти бебозгашт ҷудо карда медиҳад.
Агентӣ зарари расонда ба занони соҳибкор дар Хатлонро махсусан калон арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат, феълан дар ҷумҳурӣ 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Таъкид шудааст, ки беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...