Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Охирин ҳарфи сарбоз


Охирин ҳарфи сарбоз



- Муродбек охирон маротиба ба ман занг заду гуфт: “Модарҷон, ғам нахӯред, чор моҳи дигар мондааст барои адои хизмати ҳарбӣ. Ба умеди ҳеҷ кас нашавед, ман худам омада кор мекунам ва зиндагиро беҳ мекунем. Очаҷон, шумо ҳар шаб ором хоб кунед, ман инҷо шуморо нигоҳ мекунам. Танҳо дар ҳаққи мо - марзбонон дуо хонед. Хайр! То дидор!”...

Ин суханони модари Муродбек - Рӯзигул Маҳмадқулова буданд, ки дар ҳоли гулӯгир шуданаш аз ашк баён мекард. Чунки ӯ дигар бо фарзандаш ба дидори ҳам нарасиданд. Муродбек дар ҳифзи хоки Ватан сина сипар карда, аз тири душман ҷон бохт. Имрӯз модари қаҳрамонофар аз корнамоии фарзанди худ ифтихор дорад.

Муродбек Маҳмадқулов аз зумраи он қаҳрамононест, ки дар роҳи ҳифзи меҳан ҷони худро нисор намудааст. Ӯ дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар деҳаи Кехи шаҳри Исфара ҷой гирифтааст, адои хизмати Ватан-Модар мекард. Чор моҳ монда буд, ки Муродбек хизмати ҳарбиро бо сари баланд ба анҷом расонида, ба назди модар меомад. Вале тири душман нагузошт, то модару писар ба орзуҳои хеш бирасанд.

Модар барои тӯйи домодии бачаи сарбозаш бозорӣ мекард. Омода мешуд, то баробари омадани Муродбек ӯро хонадор карда, армон шиканад. Мутаассифона, 14-уми июни соли 2022 бар асари муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон Муродбек тир хӯрда, сарбаландона ҷон медиҳад.

Қаҳрамонӣ ва далериҳои фарзандони шаҳидшудаи Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳамин аст, ки давлату ҳукумати мамлакат аз волидони онҳо хабар гирифта, кумакҳо мерасонанд. Барои қаҳрамониҳояш номбурда бо фармони Президенти кишвар бо мукофоти давлатии ордени «Шараф», дараҷаи 2 (пас аз марг) сарфароз гардонида шуд).

Бо супориши раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 21-уми сентябри соли равон муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон ва чанд нафари дигар ба аёдати модари Муродбеки ватандӯст рафтанд. Ба ӯ аз номи раиси вилоят изҳори тасалият карда, 10 ҳазор сомонӣ кумак расониданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо супориши раиси ноҳия Нишонзода Даврон ба модари Муродбек 0,8 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, барои таҳкурсии бинои истиқоматӣ сангу шағал оварда шудааст. Раиси ноҳия ваъда дод, ки хонаро ба пуррагӣ сохта ба онҳо медиҳанд. Инчунин, аз мақомоти иҷроия ва қисми низомие, ки онҷо адои хизмат мекард, ба онҳо маводҳои озуқа ба монанди орд, равған, картошка пиёз ва дигар намуди маводи аввалия кумак расонида шудааст.

Баҳри қадрдонӣ ва пос доштани рӯҳи ҷавонмарди фидоии Ватан, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и Ҷамоати деҳоти Навзамин ба номи Муродбек Маҳмадқулов гузошта мешавад.

-Ба ҳамаи модароне, ки ҷигарбандонашонро аз даст додаанд, гуфтаниям: «Ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавед, чун мо Сарвари оқилу доно, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем ва моро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад». Агарчи, имрӯз ҷигарам пора-пора гаштааст, аммо мефахрам аз он ки писари ман далерона, то охирин нафас марзи ватанро тарк накарду ҳимоя намуд. Ҳифзи марзу бум на танҳо ба зиммаи низомиён аст. Ҳар як зану мард вазифадор аст, ки хоки муқаддаси диёрашро аз душман ҳифз намояд. Агар лозим ояд, ман ҳам мисли фарзандам дар хати марзи Тоҷикистон истода, намегузорам, ки нохалафе по гузорад, - мегӯяд Рӯзигул Маҳмадқулова, модари Маҳмадбек.

Н. САИДАБРОР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода