СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ХУТАЛИ ҚАДИМ- ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ- ФОРСӢ ВА ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 11
![]()
Имрӯз, 11 май дар шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони “Хутали қадим - пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ” бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону бостоншиносон, муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони корпуси дипломатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода, мушовир-фиристодаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Хуторская, коршиноси идораи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷавонмард Муҳаммад, бостоншиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Татьяна Филимонова ва номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек Асрориён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмонон ва иштирокдорони симпозиумро ба шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоиши илмиро дар муаррифии ҷойгоҳи таърихии Хутали қадим муҳим арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки Хутали қадим ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ташаккули тамаддуни ориёӣ, забони тоҷикӣ-форсӣ ва фарҳанги бостонии минтақа шинохта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои “Хутал”, “Хуталон” ва “Хатлон” ёд шудааст. Ба гуфтаи раиси вилоят, осори таърихӣ ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ аз мавҷудияти фарҳанги ғании моддию маънавӣ дар ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.
Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки ёдгориҳои таърихии “Аҷинатеппа”, “Ҳалевард”, “Золи Зар”, “Ҳулбук”, “Тахти Сангин” ва дигар мавзеъҳои нодири Хатлон имрӯз ҳамчун мероси арзишманди башарӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Ӯ ҳамзамон нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон махсус арзёбӣ кард.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки омӯзиши таърихи Хутал барои дарки решаҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ аҳаммияти бузург дошта, чунин ҳамоишҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ нақши муассир мегузоранд.
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода таъкид намуд, ки Хатлон аз минтақаҳои дорои шумораи зиёди ёдгориҳои таърихӣ буда, ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзиши илмии онҳо вазифаи муҳими муҳаққиқон ва ниҳодҳои соҳавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз як қатор ёдгориҳои нодири Хутали қадим ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид гардидаанд.
Мушовир-фиристодаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Вера Хуторская аз ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Россия ёдовар шуда, изҳор дошт, ки омӯзиши тамаддуни қадимаи минтақа барои ҷомеаи илмии ҷаҳон аҳаммияти калон дорад.
Коршиноси идораи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷавонмард Муҳаммад зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Хутал яке аз марказҳои муҳими ташаккули забон ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб ёфта, мероси адабӣ ва таърихии ин сарзамин барои тамоми ҳавзаи фарҳанги форсӣ арзиши бузург дорад. Ӯ аз саҳми шахсиятҳои барҷастае чун Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Робияи Балхӣ дар рушди адабиёти форсӣ ёдовар гардид.
Бостоншинос Татьяна Филимонова зимни баромад аз натиҷаҳои ковишҳои археологӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ёдовар шуда, гуфт, ки бозёфтҳои нодири минтақа аз сатҳи баланди фарҳанг ва шаҳрнишинии сокинони қадимаи Хутал шаҳодат медиҳанд.
![]()
Номзади илмҳои таърих Ҷонибек Асрориён бошад, нақши Хуталро дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва густариши забони тоҷикӣ-форсӣ муҳиму беназир арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши таърихи Хутал барои насли ҷавон мактаби худшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Дар ҷараёни симпозиум иштирокдорон атрофи масъалаҳои марбут ба таърихи Хутали қадим, нақши он дар ташаккули давлатдорӣ, тамаддуни ориёӣ, забони тоҷикӣ-форсӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон имрӯз низ ҳамчун маркази муҳими тамаддун, фарҳанг, сайёҳӣ ва омӯзиши мероси бостонӣ мавқеи хос дошта, ёдгориҳои таърихии он таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони ҷаҳонро бештар ба худ ҷалб намуда истодаанд.
Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки Симпозиуми байналмилалии “Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ” се рӯз аз 11 то 13 майи соли равон идома ёфта, дар доираи он иштирокдорон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Норак боздид менамоянд. Дар назар аст, ки меҳмонон бо ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои нодири бостонӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон аз наздик шинос шаванд.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
5-12-2023, 18:15
5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,...
-
5-12-2023, 18:13
Ҳамватанони азиз! Меҳмонони олиқадри Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин...
-
6-09-2021, 07:13
Исти қ лолиятро бесабаб меваи ша ҳ дбор намег ӯ янд . Т ӯ ли 30 соле , ки кишварамон со ҳ ибисти қ...
-
12-12-2023, 10:51
Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар...
-
8-12-2023, 05:59
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми...