Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
21 сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои қабул ва коркарди пахтаи шаҳру навоҳии вилоят ва дигар шахсони масъул ситоди вилоятӣ доир гардида, дар он рафти амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати самараноку оқилона истифода бурдани замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, захираи дусолаи маводи озуқаворӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи имсола ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар назди ҳозирин муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло баромад намуда, иброз дошт, ки тибқи қарори раиси вилоят “Дар бораи тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2022” ситоди вилоятӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар заминаи қарори мазкур дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ситодҳои маҳаллӣ низ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, зикр намуд, ки барои муайян намудани ҳосили интизорӣ дар соли 2022 дар шаҳру навоҳии пахтакор гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, вобаста ба дурнамои соли равон ҳосилнокии интизорӣ 24,7 сентнер ва ҳосили умумии интизорӣ 301 ҳазору 209 тонна мебошад, ки нисбати дурнамо 15 ҳазору 201 тонна ва нисбати соли гузашта 21 ҳазору 621 тонна зиёд мебошад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони сарраёсати кишоварзии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Кӯшониён ва Ёвон дастур доданд, ки оид ба саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, маъракаи ҷамъоварии ҳосилро вусъат бахшанд.
Оид ба масъалаи дуюми ситод муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода баромад намуда, ҷиҳати таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти муназзаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” аз нигоҳи таҳлилӣ ибрози ақида намуд.
Зикр гардид, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои харидорӣ намудани ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ дар соҳаи маориф 10 миллион сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ бошад, 1 миллиону 417, 3 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 20 - уми сентябри соли равон ба соҳаи маориф 9 миллиону 38,2 ҳазор сомонӣ ё баробари 87 фоиз маблағгузорӣ карда шудааст. Ба соҳаи тандурустӣ бошад, 1 миллиону 155,3 ҳазор сомонӣ ё баробари 82 фоиз маблағгузорӣ карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят маводҳои ғизоии аввалиндараҷа аз ҳисоби соҳибкорон, аз ҷумла орд 6460 тонна, равған 1220 тонна, картошка 3700 тонна, пиёз 4300 тонна, биринҷ 1830 тонна ва шакар 1520 тонна ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.
Ҳамчунин, дар идомаи кори ситод муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам оид ба даъвати ҳарбӣ баромад намуда, масъалаи сафарбарсозии ҷавонони синни хизматӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссари ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон тадбирандешӣ намуда, корро дар ин самт дуруст ба роҳ монанд.
Баҳром МИРОВ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.