Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар маркази вилояти Хатлон


Таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар маркази вилояти Хатлон



Шоми имрӯз, 9 сентябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳ оғоз гардид.

Сараввал, Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода баромад намуда, аз дастовардҳои 31 соли даврони Истиқлол ёдовар шуд. Ҳамчунин, қайд дошт, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои аграрӣ маҳсуб ёфта, дар таъмини иқтисодиёти кишвар ҳиссагузор аст. Дар сафарии кории дурӯзаи хеш зиёда аз 25 иншоотҳои маиширо, ки бо саҳми соҳибкорон ва буҷети давлат сохта шуда буданд, ба истифода додем. Сипас, сокинонро ба муносибати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон бурдборӣ таманно намуд.
 
Баъдан, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, Истиқлолро ҳамчун яке аз дастовардҳои бузурги миллати тамаддунофари тоҷик арзёбӣ намуд. Инчунин, изҳор дошт, ки Истиқлоли миллӣ дар зиндагии мардум ва ояндаи насли наврас саҳми босазо гузошт ва маҳз самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз мо дар зери сояи сулҳу субот зиндагӣ карда истодаем. Ҳамин тариқ, раиси вилоят низ халқи барӯманди тоҷикро ба рӯзи Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, дар барояшон рӯзгори хушу босаодатро орзу намуд.

Ҳамчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур раиси як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. 

Намоиши фарҳангии аҳли фарҳанги вилоят хотири ҳозиринро болидаруҳ намуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода