Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истиқлол – неъмати пурарзиш


Истиқлол – неъмати пурарзиш



Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги мардуми мутамаддини тоҷик ба ҳисоб меравад, ки баробари падид омадан барои рушду пешравии кишвар таҳкурсӣ гузошт. Чун ба ҳамагон маълум аст, Тоҷикистони азизи мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри пор ба ин арзиши воломақом даст ёфт ва дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт тавонист онро пойдор нигоҳ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон барои зиндагии осоиштаи худ шароити мусоид фароҳам оварданд, ки имрӯз мо шоҳиди он ҳастем.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ, ва иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид, ки дар ҳаёти минбаъдаи кишвар заминаи нек гузошт. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби солҳои навадуми қарни гузашта водор намуд, ки дар таъмини амнияти милливу давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, таҳкими истиқлолу ҳифзи арзишҳои миллӣ бетараф нашуда, барои нигоҳ доштани ин неъматҳои бузург андеша кунем. Барои расидан ба ин ташаббусҳои нек мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, софдилонаю содиқона меҳнат намуданд. Ҳамакнун, самараи неки он дар тамоми гӯшаву канори кишвар баръало мушоҳида мешавад.

Бо ташаббус ва иқдомҳои неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар низ барои некуаҳволии мардум ва зиндагии шоиста корҳои ободонию меҳансозӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз ба пешравиҳои зиёд ноил гардидааст. Мардуми баору номуси шаҳр низ дар ободонии маҳал саҳми назарраси хешро гузошта, барои ташкилу гузаронидани корҳои созандагӣ пайваста талош мекунанд. Дар ин раванд, соҳибкорони шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои маишӣ саҳми босазо гузоштанд.

Дар 31 соли Истиқлол дар ҳамаи бахшҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Бохтар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки барои зиндагии неки мардум натоиҷи хуб медиҳад. Сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои тандурустии муҷаҳҳаз бо технологияи наву замонавӣ, муассисаҳои фарҳангиву маҷмааҳои варзишӣ, марказҳои савдои хурду калон, манзилҳои истиқоматии баландошёна, бартарӣ додани соҳаи маориф, хусусан сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, таъмиру тармими биноҳои мақомоту идораҳои давлатӣ ва дигар иншоотҳои барои иқтисодиёти шаҳр аҳамияти калондошта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Боиси фараҳу ифтихор аст, ки дар давраи соҳибис-тиқлолии кишвар дар шаҳри Бохтар Нишону Парчами давалтӣ, майдони марказӣ бо муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”, “Маҷмааи Ваҳдат”, Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳр, муассисаҳои давлатии коммуналию чароғонкунӣ ва ороишӣ, истгоҳи нақлиётии “Нурафкан”, зиёда аз 25 гулгашт барои фароғати шаҳрвандон, зиёда аз 20 майдончаи варзишӣ сохта шуда, барои зиндагии мусоиди сокинон ба истифода дода шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, фароҳам овардани ҷойи кори мусоид барои зиндагии шоиста, пойдории адолат ва иштироки фаъоли халқ дар идоракунии давлату ҳукумат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Бо гузашти солҳо кишвари мо ба яке аз мамлакатҳои тараққикардаи дунё мубаддал гардид, ки ин ҳам бевосита самараи Истиқлол аст.

Мардуми тоҷик, ки халқи тамаддунофар ва насли куҳанбунёд ба ҳисоб мераванд, албатта соҳиби фарҳанги бою ғанӣ ҳастанд. Бо саҳми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои тозаву беолоиш ба насли оянда боқӣ гузоштани фарҳанги волоямон тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Ҳифзи арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ барои пойдор нигоҳ доштани таърихи миллати тамаддунофар василаи мусоид аст.

Соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа ба ҳисоб меравад, дар давраи Истиқлол ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Барои рушду инкишофи ин самт, ки вазифаи асосии он таълиму тарбияи насли наврас аст, таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Маҳз афзалиятнок будани ин соҳа буд, ки имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мактабҳои замонавӣ сохта шуда, барои таълиму тадриси хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як мамлакати сулҳофару сулҳпарвар мешиносанд ва эътироф мекунанд. Мо бояд  барои боз ҳам ободтару зеботар намудани кишвари азизамон дар якҷоягӣ содиқона ва софдилона меҳнат намоем, то дар оянда Тоҷикистони азизамон боз ҳам машҳуртару шинохтатар гардад. Иди миллӣ ва 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода