Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истиқлол - омили рушди тандурустӣ


Истиқлол - омили рушди тандурустӣ



Истиқлолият барои миллати тоҷик армуғонҳои зиёдеро ҳадя намуд. Самараи 31 соли бунёдкорию созандагӣ ва иттиҳоду ягонагии миллати тоҷик боис гашт, ки мардуми сарбаланди кишвар ба дастовардҳои беназир ноил гардад.


Дастовардҳои истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ назаррасаст.

Аз соли 2021 то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ барои сохтмон, таъмир ва азнавсозӣ ба маблағи 47 миллиону 70 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Аз ҷумла, аз буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2022юм 72 иншоот дар шаҳру ноҳияҳо, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 54 иншоот сохта шудааст.

Ҳамчунин, 34 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба Беморхонаи клиникии вилоятии Хатлон ба номи Б. Воҳидов ва Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар, инчунин ба дигар шаҳру навоҳии вилоят низ интиқол дода шуд.

Дар шуъбаи ташхиси нурии Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 20 миллиону 374 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббии гаронарзиш, аз қабили дастгоҳи ташхисии компютери магнитию резонансӣ (МРТ), дастгоҳи ташхисии томографияи компютерӣ (КТ), дастгоҳи ташхисии рентгени рақамӣ, тамғаи “DR GEM” харидорӣ карда шудааст. 

Инчунин, дар як қатор беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дастгоҳи оксигентаҳвилдиҳанда ворид карда шуд, ки тибқи нақша аз ҷониби мутахассисони соҳа марҳила ба марҳила ба истифода дода мешавад.

Бо мақсади дуруст нигоҳ доштани маводҳои иммунизатсионӣ, аз ҷумла ваксинаҳои зидди КО ВИД-19 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Алянси глобали” анбори нигоҳдории ваксинаҳо дар Филиали Маркази эмтаъминкунии минтақаи Кӯлоб пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар шаҳри Бохтар анбори нави замонавӣ сохта, бо хона-яхдонҳо ва 5 яхдони махсуси офтобӣ таъмин карда шуданд.

Маҳз дастоварди соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ аст, ки дар беморхонаи вилоят як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ, аз қабили ҷарроҳии кистаи ликвори майнаи сар “Кисто-перитонеостомия бо системаи “Medtronic” берун аз сӯрохии фрези мутобиқи фишори миёна, ҷарроҳии “ляминэктомияи муҳраҳои сутунмуҳра бо гирифтани менингиомаи интрадураливу экстрамедулярӣ” гузаронида мешавад.

- Ҷарроҳии “Краниотомияи устухони фарқу пешонаву чакка бо гирифтани омоси дохилимағзии пешона”, ҷарроҳии “Найчагузории пӯшидаи берунаи хуномоси музмини субдуралии ҳиссаҳои пешона, чакка, торак ва пушти сар”, ҷарроҳии гирифтани талхадон бо Лапароскоп, ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш, дар маркази ҷарроҳии вилоятӣ ба роҳ монда шуд.

Дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб бошад, усули нави табобати ҷарроҳӣ - найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати ултрасадо ба роҳ монда шуд.

Ҳамаи ин неъматҳои беҳисоби истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Кормандони соҳаи тибби вилояти Хатлон паҳлуи ҳам истода, баҳри боз ҳам шукуфоӣ ва тараққиёти Тоҷикистони азиз ҳиссагузорӣ намуда, ба он мекӯшанд, ки ба дастовардҳои аз ин ҳам зиёдтар ноил гарданд.

Фарида БАРОТОВА , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода