Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд...


Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд...



Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои ҷамъият хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.
Эмомалӣ Раҳмон


Истиқлоли давлатӣ ба шинохти чеҳраи сиёсии занону бонувон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат намуд. Таҳияи санадҳои танзимкунандаи ҳаёту фаъолият, нақшу мақоми зан дар ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои онҳо ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолият ба тасвиб  расида, сол аз сол, бо назардошти талаботи давру замон таҳким ёфта истодаанд.

Занону бонувони тоҷик зери сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯйи бунёдкорӣ, эҷоду ҳунар ва сомон додани зиндагии ободу осуда қадами устувор ниҳода, ба ҳайси вакилу вазир, олиму эҷодкор, муҳандис фаъолият намуда истодаанд, ки аз меваи шаҳдбори Истиқлол ва пойдории давлати тозабунёди тоҷик шаҳодат медиҳад.

Чанде пеш маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ аз тарафи Пешвои миллат, ба нафарони хидматнишондодаи ҷумҳурӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифт. Дар миёни ҷоизадорон беш аз панҷоҳ нафарашонро бонувони фаъолу кордони тоҷик ташкил медоданд, ки ин далели таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат нисбат ба занону бонувони пешоҳанги ҷомеа мебошад.

Имрӯз бонувони тоҷикро дар мақомҳои гуногуни давлатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, соҳаҳои тиҷорату кишоварзӣ дидан мумкин аст, ки аз фаъолияти пурмаҳсули онҳо дарак медиҳад. Агар теъдоди занони вилояти Хатлонро ба назар гирем, 1 миллиону 757 ҳазору 968 нафар буда, 49,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 37 ҳазору 968 нафар занон зиёд мебошад.

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 46887 нафар (2304 нафар зиёд), тандурустӣ 24680 нафар (653 нафар зиёд), сохтмон ва меъморӣ 428 нафар (7 нафар кам), саноат 2923 нафар (366 нафар зиёд), почта ва алоқа 136 нафар (62 нафар кам), коммуналӣ 836 нафар (15 нафар кам), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3726 нафар (72 нафар зиёд), бонкҳо 1176 нафар (283 нафар зиёд), (38 нафар роҳбар), кишоварзӣ 268439 нафар (7380 нафар зиёд), роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11423 нафар (4268 нафар зиёд) мебошад.

Аз шумораи 253283 нафар занҳои коргар, 13861 нафарашон дар вазифаҳои роҳбари кунанда кору фаъолият мекунанд, ки нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашт а 4028 нафар зиёд мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар (9,5%), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 24 нафар (34,7%), вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 343 нафар (36,4%) ва вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1037 нафар занон мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 Квотаи президентиро барои ба таҳсил ҷалб намудани ҷавондухтарони деҳоти дурдасти кӯҳистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат таъсис дод.

Дар ин муддат аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зиёда аз 9350 нафар, аз он ҷумла 5555 нафар духтарон (59,4 фоиз) ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шуда, 2562 нафар духтарон соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба ноҳияҳои худ барои фаъолият дар соҳаҳои гуногун баргаштанд. 252 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти босамар доранд. 

Бо назардошти он ки ин нишондиҳанда кам аст, шумораи ҳарчӣ бештари духтарону занони лаёқатманд ба мансабҳои роҳбарикунанда пешбарӣ карда шаванд.

Ҳоло бошад, 2695 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 1347 нафар (49,98%) духтарон ба ҳайси донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ таҳсилро давом дода истодаанд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 бошад, тибқи нақшаи қабули Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 539 нафар, аз ҷумла 276 нафар, (51,2 фоиз) духтарон дохил гардиданд.

Ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри фаъолона ширкат намудани занону бонувон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии давлату ҳукумат чораю тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, як қатор корҳоро ба иҷро расонид.

Алҳол, дар вилоят ҳунармандӣ рушду нумӯъ ёфта, шумораи занони ҳунарманд сол то сол афзуда истодааст. Теъдоди занон ва оилаҳои ҳунарманд имрӯз то ба ҳазорҳо нафар расидааст. Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон дар вилоят муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис ёфта, филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти омӯзиши дӯзандагӣ, қолинбофӣ, пазандагӣ, адрасбофӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, попурзанӣ, кашидадӯзӣ ва ғайраҳо фаъолият намуда истодаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 154 дастгоҳи адрасбофӣ, 30 дастгоҳи атласбофӣ насб гардида, то ин муддат зиёда аз 1540 нафар занону духтарони хонашин тариқи ройгон омӯзонида шуда, фаъолият доранд.

Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ
ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 маркази чакандӯзӣ таъсис дода шудааст, ки ба 8650 нафар шогирдон ин ҳунарро омӯхтанд. 

Оид ба мақсаднок истифодабарии телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Вахш, Данғара, Панҷ, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои тарбиявӣ дар самти таблиғи арзишҳои миллӣ, зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, хушунати хонаводагӣ, пешгирӣ намудани муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии амалҳои зидди коррупсионӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даст ба худкӯшӣ ва ҷиноят задани занон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо аксияҳои вилоятӣ таҳти унвони «Аёдати модарон ба қисмҳои низомӣ», «Зан - мазҳари покизагӣ», «Саҳми занон дар тозагӣ ва ободии диёрамон - Тоҷикистон», «Илмат ба амал чу ёр гардад», «Писари ман-сарбози Ватан», «Паём - раҳнамои зиндагӣ», «Зани роҳбар - пешбарандаи ҷомеа», «Либоси миллӣ - зеби бонуи тоҷик», «Зиндагӣ бидуни зӯроварӣ», «Ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда», «Модари солим - ҷомеаи солим», «Ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ», «Ҳамаи ҳунарҳо зебоянд», «Занони саодатманди кишварем», «Чакан зеби диёр аст», «Тоҷикона мепӯшем» баргузор ва беш аз 9560 дона варақаҳои тарғиботӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуд.

Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз дар вилоят 17541 нафар буда, аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.

Соҳибкорзанони муваффақи соли вилоят Мавлуда Сафарова, Қундузой Усмонова, Тозагул Самадова, Ҳусния Шоинова, Гулбарг Боқиева, Маҳтовбӣ Амирова, Басбӣ Валиева, Саодат Сайдалиева, Раъно Қурбонова ва дигарон мебошанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо семинару мизҳои мудаввар доир карда шуда, дар соли 2016-ум 29 нафар, соли 2017-ум 30 нафар, соли 2018-ум 31 нафар, соли 2019-ум 31 нафар, соли 2020-ум 30 нафар, соли 2021-ум 32 ва соли 2022-юм 30 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори грантҳои мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар солҳои 2016-2017-2018-2019-2020 лоиҳаҳои 105 нафар соҳибкорзанон, ки ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, як миллиону 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Аз ҷумла, лоиҳаҳои «Чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ», «Либосҳои миллии тоҷикии атлас ва попурӣ дар муди ҳозира», «Таъсиси сехи адрасбофӣ», «Курси омӯзиши дӯзандагӣ», «Таъсиси сехи дӯзандагӣ», «Гулдонбофӣ», «Рушди ҳунарҳои кадбонугӣ» ва «Моҳипарварӣ», «Рушди соҳаи чорводорӣ» ва «Парандапарварӣ», «Ташкили гармхонаҳо», «Таъсиси кошонаи ҳусн» ва ғайраҳо бо грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур 1902 нафар бо ҷойи кор ва 6576 нафар ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ дар самтҳои гуногун фаро гирифта шуданд.

Илова бар ин, дар соли 2021 қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №47 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон таъсис дода шуд.

Дар доираи тантанаҳои ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ аз рӯзи 8 то 11 июни соли 2022 «Корвони модарони ваҳдатсаро» аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 83 нафар занони фаъоли вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон сафар намуда, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як оила захира намудани маводи кофии ғизоӣ, баҳри ҳарчӣ бештар консервакунонӣ ва коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоту меваҷот аз ҷониби занон дар шароити хона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва корбарӣ намуда истодаанд.

Инчунин, бо аҳолии шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар мавриди суҳбат бо оилаҳо дар масъалаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираю консервакунонии маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавотҳо, захираи ду солаи маводҳои хӯрока корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, бо боварии комил метавон гуфт, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, баҳри ободии кишвари азизамон, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли хеш нақши пурарзиш мегузоранд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода