Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶСП «ҶУНГТАЙ ХАТЛОН СИН-СИЛУ»


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶСП «ҶУНГТАЙ ХАТЛОН СИН-СИЛУ»


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят директори генералии ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Син-Силу” ва ҶСП “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” ҷаноби Чэн Вангро ба ҳузур пазируфт.

Қурбон Ҳакимзода аз равобити мустаҳками вилояти Хатлон ва музофотҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки дар ҳудуди вилоят якчанд корхонаи муштараки истеҳсолию саноатӣ фаъолият мекунад.

- Президенти Тоҷикистон рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ, яъне коркарди ниҳоии ашёи хомро аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллӣ унвон кардаанд, - гуфт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо боиси бо молҳои саноатӣ таъмин шудани талаботи аҳолӣ, фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи кор ва афзоиши буҷети давлат мегардад.

Чэн Ванг, роҳбари ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Син-Силу” изҳор дошт, ки ин ширкат алоқаманди густариши ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкории вилояти Хатлон мебошад.

Дар мулоқот қайд гардид, ки маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки бо истифода аз ашёи хоми фаровони маҳаллӣ ва мавҷуд будани дигар бартариҳо тараққӣ додани соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, яъне аз нахи пахта васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли ришта, матоъҳои гуногун, либоси тайёр ва навъҳои гуногуни маҳсулоти дӯзандагӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани ин ҳадаф ба ҳисоб меравад.

Маҷмааи мазкур аз чор даври истеҳсолӣ иборат буда, дар он чор корхонаи нав – ресандагӣ бо иқтидори 25 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо имконияти истеҳсоли зиёда аз 10 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангубори ҳазор тонна ришта ва дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсоли як миллион адад маҳсулоти тайёр бунёд ва дар маҷмӯъ, 6 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар мамлакати мо тайи солҳои тӯлонӣ пахта ҳамчун маҳсулоти кишоварзии анъанавӣ дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот карда мешуд, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шудааст, ки пахтаи истеҳсолшаванда бо мақсади ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ дар дохили кишвар то ҳадди ниҳоӣ коркард карда шавад. Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки барои коркарди пурраи нахи пахта марҳила ба марҳила кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил карда шаванд.

Ҷамъияти “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” дар ноҳияи Данғара ба сифати яке аз корхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳз бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ бунёд шуда истодааст.

Навбати аввали корхона, яъне бахши ресандагӣ моҳи июни соли 2017, навбати дуюм – бахши бофандагиву рангуборкунӣ моҳи сентябри соли 2018 ба истифода дода шуда, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо директори генералии ҶСП “Ҷунгтай Данғара Син-Силу” ҷаноби Чэн Ванг таъкид намуданд, ки барои тезонидани ҷараёни сохтмони марҳилаҳои сеюму чоруми коргоҳҳои маҷмаа ва ташкил намудани инфрасохтори зарурии онҳо тадбирҳои мушаххаси иловагӣ андешидан лозим мебошад.

Изҳори умедворӣ шуд, ки бартараф намудани қафомонӣ дар корҳои сохтмону васлкунӣ дар бунёди ин маҷмааи бузург ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имконпазир мегардад.

Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон бо ин, барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Бинобар ин, ҷонибҳо ба зарурати вусъат бахшидани ҳамкорӣ оид ба истеҳсоли пахтаи хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ишора намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи давлат аз бунёди корхонаҳои нассоҷӣ, дар баробари таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ва афзоиш додани содироти маҳсулоти қобили рақобат, инчунин, ҳарчи камтар кардани молҳои ҳаммонанди воридотӣ мебошад.

Дар мулоқот Қурбон Ҳакимзода ва Чэн Ванг доир ба роҳҳои таъмин намудани иҷрои ҷадвали бакорандозии марҳалаҳои навбатии маҷмаа ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ табодули назар карданд.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода