БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ШАҲРИТУС
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 09 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 981
1 январи соли 2021 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооте дидан намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлол бунёд мегарданд.
Раиси вилоят аз ҷумла дар деҳаи Бинокори Ҷамоати деҳоти "Обшорон" бо рафти сохтмони меҳмонхонаи сеошёна, ҳаммом бо ҳавзаш, тӯйхона, маркази савдо, майдони варзишӣ ва нуқтаи таъмири мошинҳо шинос шуд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Оятулло Раҳматуллозода бунёд хоҳанд шуд. Тавре ки масъулони корҳои сохтмонӣ иттилоъ доданд, беш аз 60 нафар бинокорони ботаҷриба алҳол ба сохтмон ҷалб шудаву маоши баланд мегиранд.
Қайд гардид, ки дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои мазкур зиёда аз сад нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки то 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҳамагӣ чанд моҳ боқӣ мондааст. Бинобар ин, ба зарурати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани он таъкид шуд.
Ҳамин гуна корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Шаҳритус идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус бунёду азнавсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси
вилояти Хатлон