ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 09 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 6 333Дар саҳни Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои коркарди ширу гӯшт ва маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои соҳибкорони инфиродӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар ҳамроҳонаш аз намоиши мазкур дидан карданд.
Сипас, дар толори Кохи фарҳанг мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо доираи васеи соҳибкорони вилояти Хатлон доир гардид. Дар вохӯрӣ соҳибкорони ватанӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноатӣ, сармоягузорони хориҷӣ, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони бонангу номуси вилояти Хатлон бо дарки амиқи масъулият барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунанд, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бун-ёди муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастанд.
Ҳамзамон дар раванди вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар 11 моҳи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1 миллиарду 383,4 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 11,7 миллион сомонӣ зиёд буда, дар ин ҷода соҳибкорон низ саҳми арзанда доранд. Тибқи нишондодҳо, зиёда аз 75 фоизи даромади буҷети вилоятро ҳиссаи бахши хусусӣ ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб соҳибкорони хурду миёнае, ки дар асоси патенту шаҳодатнома фаъолият мебаранд, ба буҷети вилоят 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ маблағ ворид намудаанд. Дар соли 2020, аз 60,3 ҳазор ҷойҳои нави кории аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо таъсис додашуда, 39,3 ҳазори он ба бахши хусусӣ рост меояд. Аз ҷониби бонкҳои тиҷоратии дар вилоят фаъолияткунанда дар соли сипаригардида ба соҳибкорон ва аҳолӣ 1 миллиарду 413,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст, ки нисбати соли 2019-ум 289,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 448,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 88 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси 891 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба зиёда аз 40 нафар соҳибкорони фаъоли вилоят барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонию бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳу мактабҳо ва биноҳои таъйиноташон гуногун, дастгирии оилаҳои камбизоат ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
С.АЗИЗОВ,
«Хатлон»
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон