Ваъдаҳои раисӣ – 2022
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 2 373
Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2022 татбиқи садҳо нақша ва ташаббусҳои навинро ба нақша гирифтаанд. Бо мақсади огоҳ намудани бошандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ин нақшаҳо гӯшаи “Ваъдаҳои раисӣ - 2022”-ро ҳайати эҷодии рӯзнома таҳия намуд. Ин гӯша аз рӯйи маълумоти раисон ва масъулини дастгоҳи раисони шаҳру навоҳӣ омода гардидааст.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон
- бо таваҷҷуҳ ба афзоиши музди меҳнат дар соли 2022 андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ташаккули буҷети маҳаллӣ, иҷроиши нақшаи андозҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ;
- таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳибкорон ба имтиёзҳои иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва таъминот бо ҷойи корӣ;
- ҷалби бештари соҳибкорони бурунмарзӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ, таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохтори инноватсионӣ-саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ;
- таъмини истифодаи самарабахши замин, тухмиҳои серҳосил, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёд намудани боғу токзорҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва бо ин васила зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда;
- васеъ намудани масоҳати тутмайдонҳо ва дар ин замина амалигардонии рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва саноати абрешим;
- мусоидат ба ташкили кластерҳои саноатӣ барои истифодаи пурраи иқтидорҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳа, ҷорӣ намудани технологияи муосири истеҳсоли саноати хӯрокворӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти маркетингӣ, ташкили марказҳои логистикӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулоти озуқаворӣ ва корхонаҳо барои бастабандӣ дар минтақаҳои вилоят;
- бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, фаъолияти доимии корхона ва коргоҳҳои истеҳсолиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар муҳлати кӯтоҳтарин вобаста ба ворид намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо ба ҳисоботи оморӣ, инчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав, воридоти технологияҳои муосир, гузариш ба технологияи инноватсионӣ, хусусан таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир, ҳавасмандсозии бахши хусусӣ ба рушди соҳа чораҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.
Назарзода Бахтиёр Худоёр, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб
1. Барномаи рушди маънавиёти шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2022-2026 ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ қабул намуда, дар доираи он ҷомеаро ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр ёфтаанд, муташаккилона сафарбар менамоям.
2. Нақша дорем, дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии мавҷударо баланд бардошта, миқдори корхонаҳои нави саноатиро дар шаҳр зиёд намоем.
3. Дар соли 2022 масъалаи норасоии кадрҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳангро пурра бартараф намуда, инфрасохтори ин ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро тақвият бахшем.
Шарифзода Лутфия Шариф, раиси ноҳияи Муъминобод
1. Авлавият медиҳам ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия.
2. Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» сохтмони корхонаҳои нави саноатиро дар нақша дорам.
3. Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, то ноҳияи Муъминобод яке аз ноҳияҳои рушдкарда дар соҳаи сайёҳӣ шинохта шуда, мавзеъҳои сайёҳии ин диёр ба ҷаҳониён муаррифӣ шаванд.
Қурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳияи Вахш
1. Корхонаи азими нассиҷиро барои 100 ҷойи корӣ дар Ҷамоати «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ба истифода медиҳем.
2. Хобгоҳи Коллеҷи тиббии хусусии ноҳия барои писарон барои 130 нафар ба истифода супорида мешавад.
Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақир, раиси ноҳия Панҷ
1. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва таъмину азнавсозии боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия.
2. Сохта ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳия.
3. Мавриди баҳбардорӣ қарор додани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳия.
Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
1. Ба истифода додани бинои нави таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35- и ноҳия.
2. Бунёди корхонаи парандапарварӣ барои 30 ҳазор сар мурғ бо мақсади истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар Ҷамоати деҳоти «Даштигуло».
3. Бунёди сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти «Панҷоб» ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани гармхона дар масоҳати 2 гектар замин барои парвариши дарахтони ситрусӣ ва лимӯ дар Ҷамоати деҳоти «Панҷоб».
Садриддинзода Бадриддин Талбак, раиси ноҳияи Қубодиён
1. Дар соли 2022-юм ба истифода супоридани майдончаи варзишии болопӯш барои бозии футбол дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти «Эшмурод Ниёзов».
2. Бунёди бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Ҳаваскори ҷамоати деҳоти «Тахти сангин».
3. Ба истифода супоридани бинои Шуъбаи маорифи ноҳия, ки иборат аз се ошёна ва шароити муосир дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ва бунёди мактаб – парваришгоҳ бо 100 кати хоб ва таҳсили 200 нафар хонанда.
Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
1. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти кишоварзиро ба маротиб зиёд мегардонем.
2. Бо дарназардошти баргузор шудани Наврӯзи ҷумҳуриявии соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, майдони варзишии навро бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода хоҳем дод.
3. Дар шаҳраки навбунёд бинову иншооти таъйиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳем дод.
Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло, раиси ноҳияи Ховалинг
1. Бунёди як сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва як гармхона барои истеҳсоли кӯчати маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ.
2. Барои фароҳам овардани шароити муносибу мусоиди таълиму тадриси хонандагон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияро сохта ба истифода медиҳем.
3. Ба фаъолияти як корхонаи саноатии бандубасти асал ва истеҳсоли гуногуни маҳсулоте, ки аз асал омода мешаванд, оғоз мебахшем.
Шарифзода Маҳмадаюб Сайнимон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав
1. Ба истифода супоридани майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия.
2. Бинои дуошёна бо 12 ҳуҷра барои истиқомати хизматчиёни давлатӣ дар маркази ноҳия ба истифода дода хоҳад шуд.
3. Барои беҳсозии роҳҳои маҳаллӣ ба истифода супоридани 4 километр роҳҳои маҳаллидошта.
Одиназода Абдулҳафиз, раиси ноҳияи Ҷайҳун
1. Ба истифода додани майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия бо тарҳ ва ороишоти зебо.
2. Барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баистифодадиҳии бинои синфхонаи иловагӣ назди муассисаи таълимии №20 дар ҷамоати деҳоти «Дӯстӣ».
3. Барои мусоидат дар ҳалли мушкилии норасоии хизматрасонии тиббӣ ба истифода супоридани бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ».
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус
1. Баистифодадиҳии 5 километр роҳ дар ҳудуди маркази ноҳия.
2. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Варзишгоҳи марказӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст.
3. Ба истифода супоридани Коллеҷи иҷтимоии тиббии хусусӣ барои 700 нафар донишҷӯ.
Гулзода Зафар Шамсуддин, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
1. Ба итмом расонидан ва ба истифода додани боғи Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия.
2. Васеъгардонии роҳҳои асосии маркази ноҳия, сафолакпӯш кардани пиёдароҳҳо, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ дар роҳҳои васеъкардашуда.
3. Ташкил намудани ду адад кӯдакистон ва як литсей барои хонадагони болаёқат бо ҷалби омӯзгорони тахассуси дараҷаи олидошта.
Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён
1. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳудуди ноҳия.
2. Таъмиру азнавсозии марказҳои саломатӣ ба хотири солимии ҷомеа дар ноҳияи Кӯшониён ба нақша гирифта шудааст
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Ёвон
1. Сохтмони шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ барои калонсолон ва хурдсолонро дар алоҳидагӣ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия ба анҷом расонида, онро мавриди истифода қарор медиҳем.
2. Бинои осорхонаи ноҳияро таҷдиду азнавсозӣ ва бо шароиту лавозимоти муосири осорхонашиносӣ муҷаҳҳаз намуда, барои баҳрабардорӣ омода хоҳем сохт.
3. Ҳолати мелиоративии заминҳоро беҳтар намуда, дар ин замина майдони кишти маҳсулоти кишоварзиро васеътар намуда, истеҳсолотро дар ин самт бештар мекунем. Аз ҷумла, майдони кишти картошка дар соли 2022 дар ноҳия ба 310 гектар расонида хоҳад шуд.
Нишонзода Даврон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ
1. Дар соли 2022 аз рӯйи нақшаи тасдиқгардидаи мақомот як коргоҳи истеҳсол ва коркарди равған, собун ва моеъҳои шустушӯйӣ ба истифода дода мешавад.
2. Соли 2022 майдони анорбоғҳоро дар ҳудуди ноҳия бештар карда, истеҳсол ва пешкаши мардум кардани анорро аз ҳудуди ноҳия, бо содирот ба гӯшаву канори гуногуни мамлакат ва хориҷи кишвар низ афзун хоҳем кард.
3. Бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимие, ки ба он ниёз доранд, ҳамзамон, беҳтар кардани шароиту имконоти таҳсилу фаъолият дар тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияро дар мадди аввали нақшаи кории соли нави худ қарор додаем.
Аҳмадзода Илҳом, раиси ноҳияи Хуросон
1. Сохтмони МТМУ-и №50, 51, 23, 18 дар ҳудуди ноҳия
2. Сохмони беморхона дар маркази шаҳрак ва таваллудхона дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Ҳилол».
3. Кандани канали обгузари ноҳия, тӯли 30 сол аст, ки тоза карда нашудааст.
Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон
1. Таваҷҷуҳ медиҳам ба рушди инфрасохтори соҳаҳои роҳу сайёҳӣ ва мусоидат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ.
2. Таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноативу истеҳсолӣ дар ноҳия.
3. Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ.