Ба истифода додани майдони варзишӣ дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 116
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара майдони варзиширо, ки барои 2500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони умумии варзишгоҳ ду гектарро ташкил намуда, иншоот дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъëрҳои муосири сохтмонӣ бунëд карда шудааст.
Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаи 102 метр бар 70 метр буда, пурра майсазор карда шудааст.
Ҳамчунин дар атрофи майдон имкони мусоид баҳри ба варзиши сабук машғул гаштани сокинон фароҳам мебошад.
Дар ошëнаи якуми иншоот ҳуҷра барои кормандон, варзишгарон, мураббиëн, назорати допингӣ, таҷҳизоти варзишӣ, техникӣ, либосивазкунӣ, ошхона ва ғайра ҷойгир аст.
Дар ошëнаи дуюм ҳуҷра барои меҳмонон, истироҳат, ҳуҷраҳои санитарӣ, толори сақобозӣ ва варзишӣ сохта шудааст.
Варзишгоҳ аз ду минбари нишастгоҳ ва макони махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.
Атрофи бино ободу зебо гардонида шуда, ҳамзамон гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар шафати майдони варзишӣ қаҳвахона бунëд намудааст.
Дар заминаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ пас аз ифтитоҳи иншооти навбунëд беш аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
http://president.tj/