Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Муҳаббату самимият ба Ватан, садоқат ба марзу бум, андӯхтани донишу маърифат дар замири ҳар як инсони комил аз домони поки оила сарчашма мегирад. Дар тарбияи фарзандон, чун аввалин омӯзгор, волидайн нақши калидӣ доранд.
Оилаи солим пойдевори ҷомеаи солим буда, модари солим тавлидкунандаи фарзандони солим ва ои-лаи солим тарбиятгари фарзандони соҳибхирад, боақлу ботамкин ва матинирода мебошад.
Оила ҳамчун омили асосии баланд бардоштани камолоти маънавӣ, ватандӯстиву меҳнатқаринӣ, худшиносиву худогоҳӣ барои фарзандони донишманд мактаби бузург буда, парвардаҳои он давомдиҳанди кору пайкори мардуми солор аст.
Аз зумраи чунин оилаҳои намунавӣ ва соҳибмактаб оилаи Нурализодаҳо дар ноҳияи Данғара мебошад, ки дар тарбияи фарзандони наку нақши муносиб доранд.
Волидайн Шералӣ Нуралиев ва Бибинисо Қувватова дар зиндагии осудаю фараҳбахшашон соҳиби фарзандони наку гардидаанд, ки дар ҳамбастагӣ пайи таълиму тарбияи ҷигарбандон талошу кӯшиш доранд.
Шиори ҳамарӯзаи ин падару модари некирода ҳамин аст, ки ҳамеша вирди забонашон чарх мезанад:
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Аз Данғара то Амрико
Аз Данғара то Амрико, муаррифии шоистаи суннату анъанаҳои неки тоҷикон дар ин давлати бузурги сайёра аз ҷониби тоҷикдухтаре аз Данғара.
Нурализода Шукрона Шералӣ аз зумраи он ҷавонони фаъолест, ки бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ба он муваффақ гардид, ки дар давлати Амрико маҳбубияти хоса пайдо намояд.
Шукрона 6 августи соли 2006 дар ноҳияи Данғара таваллуд ёфта, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и зодгоҳашро соли 2024 бо медали тилло ва аттестати аълои универсалӣ хатм намудааст, ки ин мояи ифтихору шарафмандӣ аст. Шукронаи ҷавон дар озмуни барномаи F1,F,X, ки аз ҷониби сафорати Амрико дар Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, дар байни 1000 нафар бақайдгирандагон ғолиб баромада, ҳуқуқи таҳсил дар давлати ИМА-ро пайдо намуд.
Ҳолати баргузорӣ ва иштирок дар озмунро Нурализода Шукрона марҳилаи гузариш ва озмоиши аввалин қадамҳо дар ҷодаи тақвият бах-шидани донишомӯзии худ ҳисобида, ин рақобати зеҳниро шаффоф маънидод кард. Ӯ иброз дошт: «Аз 1000 нафар бақайдгирандагони озмуни болозикр 35 нафар ҳамчун довталаб барои таҳсил дар ИМА ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ин ҳама та-лошу заҳмат ва комёбиро аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат медонам, ки барои омӯзиши илмҳои дақиқ барои мо - ҷавонон шароити созгор фароҳам овардааст ва сипос ба волидайн ва устодон, ки дар ин роҳ маро роҳнамоӣ намуданд».
Серталошиву кӯшишҳои пайваста Нурализода Шукронаро то ба саҳнаҳои баргузо-рии озмунҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва
байналмилалӣ оварда, муваффақияту комёби-ро насиб гардонид.
Аз соли 2020-ум то соли 2024 тайи чор сол гирандаи стипендияи президентӣ, дорандаи медали биринҷӣ дар олимпиада аз фанни таърихи халқи тоҷик, ғолиби даври вилоятии олимпиада аз фанни забони англисӣ ва сазовори медали тилло дар солҳои 2023-2024, дорандаи медали биринҷӣ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ соли 2023-2024, дипломи дараҷаи сеюми Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон ба номи Уилям Шекспир соли 2024 ва соҳиби як қатор ифтихорномаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон гардидааст.
Бештари вақти холигии худро Шукрона ба мутолиаи асарҳои адибони классик ва муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарф карда, миёни ҳамсабақон маҳбубияти бештар пайдо намуд ва омӯзгорон ӯро чун фарзанд дӯст медоранд.
Натиҷаи меҳнат ва иштирок дар дарсҳои иловагӣ, иҷрои саривақтии супоришҳои омӯзгорону волидайн, маҳорату малакаи донишандӯзӣ имкон фароҳам овард, ки Шукрона дар Амрико таҳсили худро идома диҳад ва за-бони англисиро бештар аз худ намояд.
Илм баҳри камол бояд хонд,
На ба савдои мол бояд хонд.
Бояд ёдовар гардид, ки директори МТМУ №2-ишаҳраки Данғара Назурбӣ Ҳамидова зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Нурализода Шукро-на дар ҳақиқат ифтихори мактаби мо мебошад.
Вай бо хислатҳои хубу ҳамидааш дар байни кулли мактабиён обрӯю эхтироми хосса дошта, оромтабиат ва дар ҳамаи корҳо фаъол буд. Дар рафти машғулиятҳо аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло мегирифт ва дар чорабиниҳои сатҳи мактабию ноҳиявӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат менамуд. Дар баробари фаъол будан дар дарсҳо Шукрона ҳамчун варзишгар низ дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамуд”.
Тавре дар суҳбат падари Шукрона - Шералӣ Нуралиев афсари мустаъфӣ ва модараш Бибинисо Қувватова чунин иброз доштанд: “Мо дар зиндагӣ дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ тарбия кардани онҳо сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, ба донишандӯзии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медиҳем, ки самараи ин заҳматҳо фарзанди мо Шукрона ба ин қуллаи мурод расидааст.
Мо ифтихор дорем, ки фарзандони мо бо дониши худ Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар муаррифӣ намуда истодаанд ва аз он шукр мегӯем, ки Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон тамоми имкониятро фароҳам овардааст».
Мавриди қайд аст, ки фарзанди дигари ин оилаи хушбахт Нурализода Умаралӣ баъди хатми мактаби олӣ ва инчунин баъди хатми шуъбаи магистратураи Донишгоҳи Осиёгии Рутзимейкаи Ҷопон рисолаи номзадиро дар ин мамлакат ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардид ва айни ҳол дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда истодааст.
Саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ин тарбияи дурусти фарзандон ва соҳибкасбу соҳибмаърифат намудани онҳо мебошад, ки ба ҷомеа нафъи онҳо расад. Итминонамон комил аст, ки Нурализода Шукрона ҳамчун ҷавони муваффақ Тоҷикистонро дар Амрико муаррифӣ намуда, мусаллаҳ бо дониш ба Ватан бармегардад, баҳри пешрафт ва рушду нумӯи кишвари маҳбубамон саҳмгузорӣ менамояд.
Самандар Сангализода,
сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.