Дар вилоят 6960 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 083
То имрӯз дар вилояти Хатлон аз 7667 биною иншооти ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдшаванда, дар 6960 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ин нишондиҳанда аз иҷрои 90,8 фоизи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда далолат медиҳад. То ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иловатан мавриди истифода қарор додани 707 иншоот дар назар дошта шуда, ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ муташаккилона идома доранд. Бунёду азнавсозии қариб 80 дарсади иншоотҳои ҷашнӣ бо саҳми доираи соҳибкорон амалӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият дар саросари кишвар бунёду навсозии беш аз 25 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо, роҳу пулҳо пешбинӣ гардидааст.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04