COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 03 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 212
ДУШАНБЕ, 03.02.2021. /АМИТ «Ховар»/.Дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 3 феврал дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04